Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нурии Исфаҳонӣ

Нурии Исфаҳонӣ

Нурии Исфаҳонӣ Қозӣ Нуруддин Муҳаммад (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1591), шоири форс-тоҷик. Нурии Исфаҳонӣ аз мардуми Андмони Исфаҳон буда, дар ҷавонӣ дар Исфаҳон илм омӯхтааст ва баъд ба Қазвин рафта, касби камол кардааст. Дар он ҷо муддате ба Хоҷа Афзалуддини Тарака ва Мир Фахруддини Самокӣ — донишмандони замонаш шогирдӣ кардааст.

Нурии Исфаҳонӣ дар замони шоҳ Таҳмосб аз Муллозамон Мусибхон ибни Муҳаммадхони Тукулу (асри 16) илм омӯхтааст. Нурии Исфаҳонӣ чун шоир танҳо дар охирҳои умраш шӯҳрат пайдо карда, ҳамчун шоири забардасти замонаш дар аксоми мухталифи шеър даст доштааст. Аз Нурии Исфаҳонӣ девони мухтасаре боқист.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …