Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нуриҳои сулфурдор

Нуриҳои сулфурдор

Нуриҳои сулфурдор, пайвастҳои сулфурдорест, ки чун нурӣ ис­тифода мешаванд. Масалан, сулфатҳои калий, магний, фосфор, гипс ва дигар ҷинсҳои сулфурдор. Нуриҳои сулфурдор махсусан барои зироати лубиёиҳо, мураккабгулҳо, чилликгулҳо, ки одатан ба сулфур эҳтиёҷи зиёд доранд, истифода бурда мешавад. Нуриҳои сулфурдор ишқори хокро кам карда, ҳалшавии фосфатҳоро метезонанд. Нуриҳои сулфурдорро ба хок ти­рамоҳ пеш аз шудгор ё аввали ба­ҳор пеш аз кишт (30—50 килограмм/гектар) меандозанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …