Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нуриҳои сабз

Нуриҳои сабз

Нуриҳои сабз, растаниҳое, ки заминашро барои ҳосилхезӣ надаравида шудгор мекунанд. Нуриҳои сабз хокро аз моддаҳои органикию нитроген бой ва хусусиятҳои физикии онро беҳтар мегардонанд. Ба шудгор тез об мондан просесси вайроншавӣ ва самаранокии Нуриҳои сабзро метезонад. Ба сифати нурии сабз мош, нахуди тирамоҳӣ, лӯбиё, шабдар, лупин  ва дигар зироатҳои лубиёиро бештар истифода мебаранд.

Зироатҳои ном­бурдаро тирамоҳ алоҳида ё бо зироати дигар омехта кишт мекунанд ва аввали баҳор пеш аз кишт шудгор мекунанд. Дар деҳқони аз Нуриҳои сабзи даравшаванда низ истифода меба­ранд. Барои ин Нуриҳои сабзро дар майдони дигар сабзонида, баъд ба замини кишт мекашонанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …