Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нуриҳои органикӣ

Нуриҳои органикӣ

Нуриҳои органикӣ, нуриҳоест, ки дар таркиби худ дар шакли пайвастҳои органикӣ моддаҳои ғизоии пайдоишашон набототӣ ё ҳайвонотӣ доранд. Масалан, пору, торф, компост, нуриҳои сабз, партови саноатҳои хӯроуворӣ, пӯсту чарм ва ғайра. Нуриҳои органикӣ аз таъсири микроорганизмҳои хок вайрон шуда, пайвастҳои минералии азхудшавандаи N, Р, К, Са, S ва дигар элементҳо, инчунин гумус ҳосил ме- кунанд. Гази карбонате, ки ҳангоми ваӣроншавии Нуриҳои органикӣ ҳосил меша­вад, ҳавои хок ва қабати ба замин наздики атмосфераро аз карбони ри­зоӣ бой мекунад.

Истифодаи мунтазами Нуриҳои органикӣ хосиятҳои физикию химиявӣ, химиявӣ ва низоми обу ҳавои хокро беҳ намуда, фаъолияти микроорганизмҳои фоиданок (азотандӯэҳо, аммонификаторҳо ва ғайра)- ро метезонад. Гардиши моддаҳои ғизоӣ (хок — растанӣ — ҳайвонот — хок) асосан ба воситаи Нуриҳои органикӣ ба амал меояд. Нуриҳои органикиро пеш аз шудгор ва баъзан ҳангоми култивасия (аз 15 то 60 тонна/гектар) ба хок меандозанд; ба сабзавот ва канаб 80—100 тонна/гектар.

Нуриҳои органикӣ ҳосили 1 гектар картошкаро 50—60 сентнер, сабзавотро 60—100 сентнер ва ғалладонаро 6—7 сентнер зиёд менамояд. Дар дунё ба замин соле 3—4 миллиард тонна (баробари 15—20 тонна N, 3—4 миллион тонна Р205 ва 18— 24 миллион тонна К]0) ва аз ҷумла дар СССР зиёда аз 500 миллион тонна Нуриҳои органикӣ меандозанд.

Адабиёт: Применения органических удоб­рений, Москва, 1971.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …