Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нуриҳои оҳакдор

Нуриҳои оҳакдор

Нуриҳои оҳакдор, моддаҳои гуногуни оҳакдорест, ки дар хоҷагии қишлоқ ба­рои оҳаконии хок истифода мебаранд. Нуриҳои оҳакдорро асосан ба хокҳои сер- кислота меандозанд, ки дар натиҷа кислотаи хок кам шуда, аз калсий бой мегардад. Ба сифати Нуриҳои оҳакдор ҷинсҳои табии оҳакдор, оҳаксанг, до­ломит, бӯр, орди доломита, оҳаки шукуфта, партовҳои оҳакдори саноат, хокистари варақсангу торф, гарди семент, партови истеҳсолоти алюминий ва комбинати коғаз, дажғоли домна ва ғайраро истифода мебаранд. Нигаред. низ Оҳакандозӣ.

Адабиёт: Алямовскяй Н. И.. Извест­ковые удобрения в СССР, Москва, 1966.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …