Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нуриҳои минералӣ

Нуриҳои минералӣ

Нуриҳои минералӣ, моддаҳои минералиеро гӯянд, ки дар таркибашон элементҳои барои ғизои растаниҳо зарур мавҷуданд. Истеҳсоли саноатии Нуриҳои минералӣ асри 19 оғоз ёфтааст. То асри 19 пору, хокистар ва дигар пасмондаҳоро чун нурӣ ба кор мебурданд. Нуриҳои минералӣ ҳосили зироатро зиёд ва сифати онро беҳтар мегардонад. Масалан, аз таъсири Нуриҳои минералӣ сифатҳои тех­нологии нахи пахта, канаб, зағир, миқдори қанди ангур ва лаблабуи қанд, оҳари картошка, сафедаи ғал­ладона меафзояд.

Нуриҳои минералиро бо нури­ҳои органикӣ омехта истифода бурдан беҳтар аст. Нуриҳои минералӣ аз рӯи таиноти агрономӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: 1) Нуриҳои минералие, ки дар таркибашон элементҳои ғизои бевоситаи растаниҳо (нитроген, фосфор, калий, бор, магний, мис, манган ва ғайра) до­ранд. Масалан, нуриҳои нитрогендор (селитраҳои аммиак, натрий, калсий, калий, сулфати аммоний, карбамид ва ғайра), нуриҳои фосфордор (супер-фосфат, орди фосфоритӣ, пресипитат ғайра), нуриҳои калийдор (хло­риде калий, намакҳои 3О—40-фоизаи калий, сулфати калий ва ғайра), микронуриҳо, нуриҳои комплексӣ (нитрофос, аммофос ва ғайра) мансубанд. 2) Нуриҳои минералие, ки асосан барои беҳтар намудани хусусиятҳои агрохимиявӣ ва физикию химиявии хок истифода мебаранд, масалан, нуртҳои оҳакдор, гаҷ ва ғайра.

Самаранокин Нуриҳои минералӣ ба хусусиятҳои биологии растанӣ, меъёри нурӣ, бо нуриҳои органикӣ омехта истифода бурдан, сифати тадбирҳои агротех­никӣ ва ғайра вобаста аст. Macалан, 1 сентнер нитроген ҳосили пахтаро 14 сентнер, 1 сентнер фосфор 6 сентнер, 1 сентнер калий 2 сентнер зиёд мекунад.

Дар СССР солҳои 1980-ум 24767 ҳазор тонна (ба ҳисоби 100%- моддаи ғизоӣ) Нуриҳои минералӣ (аз ҷумла 10241 ҳазор тонна  нуриҳои нитрогендор, 5622 ҳазор тонна нуриҳои фоофордор, 8064 ҳазор тонна нуриҳои ка­лийдор ва 833 ҳазор тонна орди фосфоритӣ) истеҳсол карда шуда буд. Дар Тоҷикистон Нуриҳои минералӣ (асосан карбамид) дар 3аводиди нуридҳои нитрогендори Вахш истеҳсол мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …