Главная / Гуногун / Нуриҳои калийдор

Нуриҳои калийдор

Нуриҳои калийдор, моддаҳои минералии калийдорро гӯянд. Аксари Нуриҳои калийдор дар об ҳал мешаванд. Манбаи асосии Нуриҳои калийдор конҳои табиии намакҳои калий мебошанд. Ҳоло хло­рид, сулфат ва нитрати калий ва дигар Нуриҳои калийро дар саноат низ ҳосил мекунанд. Дар СССР саноати Нуриҳои калийдор соли 1929 баъди кашфи конҳои намаки Урали Шимолӣ (Соликамск, Берез- никӣ) ба вуҷуд омад. Дар СССР беш аз 7944 ҳазор тонна Нуриҳои калийдор истеҳсол меку­нанд.

Нуриҳои калийдорро одатан бо нуриҳои фосфордор ё фосфору нитрогендор якҷоя истифода мебаранд. Пахта, кар­тошка, сабзавот, лаблабуи қанд, бехмеваҳои хӯроки чорво, тамоку, ҷуворимакка, лубиёиҳо, ғалладона, алафҳои бисёрсола, инчунин ғуҷуммеваҳо ба калий серталабанд. Барои дар 1 тонна ҳосили пахтазор 30— 80 килограмм/гектар калий зарур аст.

Ҳар 1 сентнер калий (КаО) ҳосили пахтаро 1—2 сентнер, лаблабуи қандро 30— 40 сентнер, картошкаро 20—33 сентнер, ғалларо 2—5 сентнер ва ғайра зиёд мекунад. Давомнокии таъсири Нуриҳои калийдор ба зироат 3—4 сол аст.

Адабиёт: П ч ё л к и н В. У., Почвенный калий и калийные удобрения, Москва, 1966;. М а д р а и м о в И. И., Пахтачиликда калийли ӯғитларнинг таъсири. Тошкент, 1967; хамов м у а л л., Калийные удоб­рения в хлопководстве, Ташкент, 1972.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

payvand

МУҒҶАПАЙВАНД

МУҒҶАПАЙВАНД, як навъи пайванд; ба ниҳоли хасак муғҷаи навъи беҳтарини дарахти меваро пайванд мекунанд. Нигаред …