Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нуриҳои фосфордор

Нуриҳои фосфордор

Нуриҳои фосфордор, модда­ҳои минералиеро гӯянд, ки чун манбаи ғизои растани истифода меша­ванд. Нуриҳои фосфордорро асосан дар саноат аз апатит ва фосфоритҳо истеҳсол ме­кунанд. Моддаҳои органикӣ (орди устухон, пору, фосфатдажғол ва ғайра)- ро низ чун Нуриҳои фосфордор истифода мебаранд. Нуриҳои фосфордор яке аз аввалин нуриҳои мине­ралӣ, ки дар саноат ҳосил кардаанд.

Нуриҳои фосфордор аз ҷиҳати ҳалшавӣ 3 навъанд: дар об ҳалшаванда (су­перфосфат, суперфосфата дучанда, суперфосфати аммонийдор), дар ситрат (маҳлули ишқордори ситрати аммоний — реактиви Петерман) ва ҷавҳари лиму ҳалшаванда (пресипитат, фосфатдажгол, фосфати бефтор, фосфата гудохтаи магний).

Нуриҳои фосфордор ҳосилро зиёд, сифати онро беҳтар ва растаниҳоро ба хушкӣ тобовар мегардонанд. Истифодаи Нуриҳои фосфордор (60 килограмм /гектар Рг05; нурии асосӣ) ҳо­сили ҳар га гандуми тирамоииро 2—5 сентнер ва гандуми баҳориро 1,5—2,5 сентнер (60—80 килограмм/гектар Р2О5) зиёд мекунад. Дар СССР ҳамчун нурии асосӣ (ҳангоми шудгор ё култивасия) ба ҳар гектар 60—120 килограмм ва дар вақти кишт 10— 40 килограмм Р2О5 меандозанд. Дар заминҳои обии республикаҳои Осиёи Миёна 100—120 килограмм/гектар Р2О5 ҳосили ҳар гектар пахтаро 3—5 сентнер зиёд мекунад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …