Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нуриддинов Сироҷиддин

Нуриддинов Сироҷиддин

Нуриддинов Сироҷиддин (таваллудаш 1919, Самарқанд), усто, кандакор, наққош ва рассоми тоҷик. Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон  (1967). Пас аз хатмни омӯзишгоҳи педагогӣ чанд муддат муаллимӣ кард. Аз соли 1952 ин ҷониб бо Хонаи республикавии эҷодиёти халқ (Душан­бе) ҳамкорӣ дорад. Санъати кандакориро мустақилола, аз рӯи эҷоди устоҳои халқии Тоҷикистон (Ю. Баротбеков ва дигарон) омӯхтааст. Асари нахустини вай намоя (панно), ки тасвири Айнӣ дорад, бо услуби дар чуб кандакорӣ кардани устоҳои ӯротеппагӣ офарида шудааст.

Нуриддинов кандакори ҷӯянда аст ва бо меҳнати мунтазам равиши эҷодии хос ба даст овардааст. Дар асарҳояш нақши ис­лимиро фаровон истифода бурда, вобаста ба хосияти чӯб ҳар ҷузъи композитсияро дақиқкорона анҷом медиҳад. Намояҳои пуршукӯҳи Нуриддинов портротҳои барелефии К. Маркс, В. И. Ленин, Н. Крупская, М. В. Фрунзе, Рӯдакӣ, Ҷомӣ, Навоӣ, Беҳзод, Т. Г. Шевченко, Айнӣ, Турсунзодаро дарбар гирифта, бо ҳамин услуб эҷод шудаанд.

Намояҳои сюжетдори Нуриддинов комёбиҳои дар соҳаи хоҷагии қишлоқ, саноат, иқтисодиёт, маданият ва санъат ба даст овардаи халқи тоҷикро дар солҳои Ҳокимияти Совети акс мекунанд. Намояҳои «Герби РСС Тоҷикистон», «25-солагии Тоҷикистон» (аз рӯи эскизи рассом А. Лисяков), «Тоҷикистон» (эскизи М. Хушмуҳаммадов ва И. Абдураҳмонов), «Дӯстии халқҳо» (намоя бахшида ба 300-солагии ҳамроҳшавии Украина ба Россия), «Шӯълаи инқилоб», «50-солагии ВЛКСМ», «50-солагии Қирғизистони Советӣ» беҳтарин асарҳои Нуриддинов мебошанд. Вай ба муносибати 100-солагии зодрӯзи В. И. Ленин як силсила асарҳо офарид. Дар намояҳои «Баҳор», «Духтари куӯзабадаст», «Ангурканӣ», «Роҳи Ленин» Нуриддинов нақшу суратро моҳирона ба ҳам пайваста симою андоми одамонро бо риояи қонуниятҳои таносубу мавзӯнӣ ва ба нақшҳо мутобиқ тасвир кардааст. Як қатор биноҳои маданию маърифатии шаҳри Душанбе (ресторанҳои «Фароғат», «Тоҷикистон», хонаи хизмати маишии «Садбарг», бинои Сирки давлатӣ ва ғайра) аз тарафи Нуриддинов зинат дода шудаанд. Лауреат» Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1982).

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …