Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нуриандозӣ

Нуриандозӣ

Нуриандозӣ, ба хок андохтани нуриро гӯянд, ки миқдор, вакт ва усулҳои истифодаи онро дар асоси харитаи хок ва картограммои агрохимиявӣ муайян мекунанд. Нуриандозии пеш аз кишт ғизогирии растаниро дар тамоми давраи нашв (вегетация), Нуриандозӣ ҳангоми кишт (қаторӣ ва чоркунҷа) сабзиш ва инкишоф, Нуриандозӣ баъди кишт (ғизодиҳии растанӣ) бошад, гизогирин растаниро дар давраи му­айяни нашв пурзӯр мекунад.

Нуриҳои асосӣ (пору, компост, сидератҳо, нуриҳои минералӣ)-ро ҳангоми шудгор ё култиватсияи чуқур, вақти киштгардон (кишта ҷавдор ва гандуми тирамоҳӣ, картошка, ҷуворнмакка, лаблабуи қанд, зағир, пахта) меандозанд. Нуриҳои органикиро бо ёрии порупошакҳо, нуриҳои минералиро бо тухмппошакҳои нурипош мепошанд ва ба воситаи плугҳо ё култиваторҳо хокгардон мекунанд. Нуриандозии пеш аз кишт (суперфосфати майдакардатуда, омехтаи органикию минералӣ), ҳангоми кишт дар як вақт бо тухмӣ, бехмева ва кӯчат гузаронида мешавад. Барои ин аз тухмипошакҳои гуногун ис­тифода мебаранд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …