Маълумоти охирин

Нурӣ

Нурӣ, моддаҳои органикӣ ва ғайририорганикиест, ки барои ҳосилхез намудани хок ва баланд бардоштани сифати зироати хоҷагии қишлоқ ба замин меандозанд. Вобаста ба таркиби химиявии худ нуриҳои органикӣ (пору, компост, нуриҳои сабз ва ғайра), нуриҳои минералӣ (нуриҳои нитрогендор, нурҳои (фосфордор, нуриҳои калийдор, нурҳои комплексӣ, нуриҳои оҳакдор, микронурҳо) мешаванд. Нурҳои. бактериявӣ низ мавҷуданд. Нурӣ ҳосилхезии хокро беҳтар карда, просессҳои химнивӣ, физикию химиявӣ ва микробиологии онро тағйир медиҳад ва растаниро аз моддаҳои ғизобахш таъмин менамояд.

Такрор ва ба миқдори зиёд андохтани нурӣ ва дигар усулҳои зироат (шудгор, кишти алаф ва ғайра) мумкин аст просесси ҳосилшавии хокро тағйир дода, боиси ташаккули хоки ҳосилхези антропогенӣ (зертипи нави хок) гардад. Инсон бо истифодаи Нурӣ ба гардиши моддаҳо дар табиат фаъолона дахолат мекунад, алалхусус баланси мусбати моддаҳои ғизобахшро дар зироат ба вуҷуд меорад.

Тарзи дурусти истифодаи Нурӣ ба сабзиш, инкишофи растанӣ, ҳо­сил ва сифати он таъсири мусбат мерасонад. Самарабахшии нурнандозӣ аз хосияти биологии зироати хоҷагии қишлоқ, мавҷудияти унсурҳои ғизоӣ дар хок, намии хок, реаксиян маҳлули хок ва ғайра вобаста аст. Нурӣ дар замини обӣ хосилро хеле баланд мебардорад. Мувофиқати нуриандозӣ ва обёрӣ боиси сарфаи об ва моддаҳои ғизоии растанӣ мегардад. Аз Нурӣ таъмин будани 1 гектар кишт яке аз нишондиҳандаҳои асосии ин­тенсивонии зироат аст. Тақрибан 50%-и ҳосили изофаро аз ҳисоби истифодаи Нурӣ мегиранд. Ҳоосили изофии аз истифодаи Нурӣ ба даст овардашудаи зироатҳои асосии оҷагии қишлоқи СССР дар ҷадвал нишон дода шу­дааст.

Ҳосили изофии зироати хоҷагии қишлоқи СССР, ки дар натиҷаи ба замин а н дохтани н у р и ҳ о и минера­лӣ ба даст оварда шудааст (маълумоти таҷрибаи Институти умумииттифоқии тадкиқоти илмии нурӣ ва хокшиносии агрономӣ ва дигар муассисаҳои илмӣ барои солҳои 1965-75).

Истифодаи 1 тонна  пору соли 1-уми нуриандозӣ ҳосили иловагии гандумро 0,2—0,3 сентнер, картошкаро 1—1,5 сентнер, баргу пояи сабзи ҷуворимаккаро 3—4 сентнер зиёд мекунад. Дар натиҷаи истифодаи якҷояи Нуриҳои минералӣ ва органикӣ дар хоки сабук бештар ҳосили иловагӣ мегиранд. Нуриҳои ор­ганикӣ, инчунин гумуси хокро зиёд мегардонанд ва ин барои бештар шудани миқдори Нуриҳои минералӣ замина пайдо мекунад.  Пеш аз ре­волюсия дар Россия, Осиёи Мнёна ва аз ҷумла Тоҷикистон ба замин асосан пору меандохтанд Соли 1913 танҳо 13 завод (аввалинаш аз соли 1860 дар Каунас) ва цехҳои суперфосфат буданд, ки 129 ҳазор тонна суперфосфат истеҳсол мекарданд.

Дар СССР аз солҳои аввали Ҳокимияти Совети ба истеҳсоли Нурӣ диққати ҷиддӣ дода шуд. Соли 1918 Саркомитет оид ба нурӣ (Сентротук) ташкил карда шуд. Барои инкишофи химиконии хоҷагии қишлоқ қарори КМ КПСС ва Совети Вазирони СССР «Дар бораи тадбирҳои минбаъд ҳам баланд бардоштани истифодаи самарабахши нуриҳои минералӣ, кам кардани талафоти онҳо ҳангоми ҳамлу нақл, нмгаҳдорӣ ва ба хокандозӣ ва такомули умури агрохимиявӣ ба колхозу совхозҳо» (1976) аҳамияти калон дорад. Дар плани панҷсолаи 9-ум (1971—75) истеҳсоли Нурӣ хеле афзуда, соли 1975 ба 17200 ҳазор тонна расид. Соли 1980 истеҳсоли Нурӣ 103,8 миллиард тоннаро ташкил дод.

Дар Тоҷикистон ба колхозу совхозҳо додани Нуриҳои минералӣ аз 479 ҳазор тонна (1965) ба 914 ҳазор тонна (1980) расид ё 86%- афзуд. Дар СССР барои таъмини истпфодаи боз ҳам дурустари Нурӣ муассисаҳои умури агрохимиявӣ ва лабораторияҳои минтақавии агрохимиявӣ таъсис ёфтаанд, ки ба онҳо Институти марказии умури агрохимиявии хоҷагии қишлоқ роҳбарӣ мекунад (нигаред Умури агрохимиявӣ}. Ба тадқиқи Нурӣ, таъсири онҳо ба просессҳои химиявӣ, ҷабиши онҳо дар хок ва растаниҳо ва ҳосил аг­рохимия машғул аст. Дар СССР шабакаи муассисаҳои тадкикоти илмӣ (масалан, институти нурӣ ва хокшиносии агрономӣ, институти нурӣ ва инсектофун- гисидҳо) мавҷуданд, ки ба омӯзиши таъсири Нурӣ (меъёр, усул ва мӯҳлати нуриандозӣ) ба ҳосил машғул мебошанд.

Корҳои тадқиқоти илмӣ оид ба Нурӣ дар факултети агрохимия ва хокшиносии Академияи хоҷагии қишлоқи Москва ба номи К. А. Тимирязев, Институти агрохимия ва хокшиносии Академияи Фанҳои СССР, дар кафедраи агрохимияи Университети Мо­сква, дар бисёр институтҳо ва стансияҳои тачрибавӣ низ гузаронида мешавад. Роҳбарии илмию методиро оид ба тадқиқоти соҳаи химиконии зироат шуъбаи зироат ва химиконии ВАСХНИЛ ба амал мебарорад. Дар республикаи мо оид ба Нурӣ дар Институ­ти хокшиносӣ, Институти зироат, Институти ботаника, Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ва ғайра тадкиқоти илмӣ мебаранд. Дар асоси ҷамъбасти тадкиқоти васеъ ва ҳартарафаи агрохимиявии хок, харитаи агрохимиявии СССР (нигаред Картограммаи агрохимиявӣ) тартиб до­да шуд, ки самарабахшии истифодаи Нуриро дар минтақаҳои гуногуни илмию табиӣ нишон медиҳад. Омӯзиши Нурӣ аз рӯи программаи Совети ёрии ҳамдигарии иқтисодӣ (СЭВ) низ гузаронида мешавад. СССР аъзои Маркази байналхалқӣ оид ба нуриҳои минералӣ мебошад. Нигаред Химиконии хоҷагии қишлоқ.

Адабиёт: Прянишников Д. Н., Об удобрении полей и севооборотах, Избраннҷе. статьи, Москва, 1982; Справочник по удобре­ниям, Москва, 1984; Корольков Д. А., минеральные удобрения и их рацио­нальное применение, Москва, 1989; Примене­ние органических удобрений, Москва, 1971; А в д о н и н Н. С., Научные основы при­менения удобрений, Москва, 1972.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …