Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нурӣ Мулло Нуруддин

Нурӣ Мулло Нуруддин

Нурӣ Мулло Нуруддин Муҳаммади Тархони Сафедунӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири форсизабони асри 16 Ҳиндустон. Дар Сафедунӣ ноҳияи Сарҳинди Ҳиндустои чанд чанд ҳоким будааст ва ба Сафедунӣ маъруф шуданаш низ аз ин ҷост. Нурӣ марди донишманд буда, дар илми риёзлёт, ҳикмат ва нуҷум ба устодӣ ном баровардааст.

Соли 1559 наҳре сохтааст, ки масофаи хеле дурро дарбар гирифта, мардуми Сафедун аз он баҳравар шудаанд. Нурӣ шахси сулҳдӯсту адолатпарвар буда, аз иштирок кардан дар юришҳои Ҳар­бии Акбар саркашӣ мекард. Девони ашъори Нурӣ боқист, ки ақсоми мухталифи шеъриро дарбар гирифтааст. Мавзӯъ ва истилоҳоти ҳикмату нуҷум дар ашъораш истифода шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …