Маълумоти охирин

Нурато

Нурато, қаторкӯҳест дар вилоятҳои Ҷиззах, Самарқанд ва Навоии РСС Ӯзбекистон, ки онро аз Нурато водии Зарафшон, аз Ҷануби водии Сангзор ва аз Шимоли биёбони Қизилқум иҳота кардаанд. Нурато шохаи шимолии ғарбии қаторкӯҳи Туркистон буда, аз ду қаторкӯҳи ба ҳам мутавозӣ — Нуратои Шимолӣ ва Нуратои Ҷанубӣ иборагг аст. Тӯлаш 170 км. Баландиаш ба ҳисоби миёна 1000—1500 м. Қуллаи баландтаринаш — Заргар (2169 м). Қисми ғарбии Нурато торафт паст шуда, ба биёбони Кармина пайваст мегардад.

Нурато аз оҳаксанг, регсанг ва ҷинсҳои метадеорфии палео­зой таркиб ёфта, ба миқдори зиёд ҷинсҳои фишонда дорад. Дар Нурато чашмаю соёҳои бисёре мавҷуданд, ки аксари сойҳо тобистон хушк ме­шаванд. Сойҳои калонтаринаш: Қаросу, Норвон, Тӯсин, Оқтеппа, Қуруқ, Майдон ва ғайра. Оби онҳо ба во­дии Зарафшон ҷорӣ мешавад.  Аз ҳайвонҳо дар Нурато гург, бузи кӯҳӣ, кабк вомехӯрад. Яке аз шохаҳои қаторқуҳҳи Нурато— Оқтоғ бо мармари хушсифати худ (кони Ғозғон) машҳур аст. Нураторо ҳамчун ҷарогоҳи тобистона истифода мебаранд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …