Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нуралиев Тошбек

Нуралиев Тошбек

Нуралиев Тошбек (таваллудаш июли 1913, деҳаи Чинор, райони Пахтаобод), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945). Солҳои 1940—1941 мудири магазин, 1946—48 колхозчӣ, сардори звено, 1949—1954 сардори бригадаи пахтакории колхози «Якуми Май»-и райони Ҳисор, 1954—1956 мироби район, 1956—1959 ҳисобчии фермаи колхози ба номи Карл Маркс, 1959 —1964 кассири Совети қишлоқи Ҳисор, 1964—1978 мудири хоҷигии мактаби миёнаи № 3, таваллудхонаи колхози ба номи Карл Маркс ва аз соли 1978 мудири хоҷагии боғчаи бачагонаи назди ком­бинати райони Ҳисор. Звенои Нуралиев солҳои 1947—1948 ҳосили фаровони пахта рӯёяд. Бо ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …