Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нӯъмонов Эшонқул Усмонович

Нӯъмонов Эшонқул Усмонович

Нӯъмонов Эшонқул Усмонович (таваллуд 5. 11. 1919, Самарканд), химик- органики советӣ доктори илмҳои хи­мия (1970), профессор (1971), аъзо-корреспондент Академияи Фанҳои РСС ‘Гоҷикистон (1971). Аъзои КПСС аз соли 1944. Иштирокчии Ҷан­ги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Соли 1947 Институти давла- тии педагогии Ленинободро хатм кардааст. Солҳои 1947—71 аспирант, ҳодими калони илмӣ ва мудири ла­бораторияи химияи нефти Институти химия» Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон. Аз соли 1971 директори ҳамин институт.

Нӯъмонов— муалли­фи зиёда аз 200 асари илмӣ ва илмию оммавӣ. Тадқиқоти ӯ ба таркиби компонентҳои ғайри карбогидридии нефтҳои ҷануби Осиёи Миёна (пайвастҳои органикии сулфур, нит­рогеи, металлдор ва аналогҳои синтезии онҳо), қатори гомологӣ ва ҳосилаҳои функсионалии тиаинданҳо бахшида шудааст. Нӯъмонов тадкиқоти илмиро ба фаъолияти педагогӣ пайваста, дар мактабҳои олӣ химияи органикӣ ва курсҳои махсуси назариявии онро таълим медиҳад. Нӯъмонов ра­иси правленияи тоҷикистонии Ҷамъияти умумииттифоқии химикҳои ба номи Д. И. Менделеев ва раиси сек­сияи химияи Комитети терминоло­гия ва координасияи мавзӯъҳои хи­мия дар республика мебошад. Бо орденҳои Ҷанги ватанӣ (дараҷаҳои 1, 2), Ситораи Сурх ва медальҳо му- кофотонида шудааст.

Аснование: Гетероатомные компоненты неф­тей Таджикской депрессии, Ленинград 1974.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …