Маълумоти охирин

Нӯъмони Розиқ

Нӯъмони Розиқ (фамилия Розиқов; 9. 5. 1927, деҳаи Симиганҷи райони Орҷоникидзеобод — 2. 4. 1982, ҳамон ҷо), шоири сове­тии тоҷик. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1950. Институти педагогии ба номи Т. Г. Шев- чонкоро хатм кард (1958). Солҳои зиёд муаллим, котиби ташкилоти партиявӣ, ҷонишини раиси Комиҷроияи Совети депутатҳои халқии райони Орҷоникидзеобод, район, колхоз ва муҳаррири газетаи районӣ буд. Аз соли 1979 директори Хонаи истироҳати Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон, солҳои 1981—82 Раиси Иттифоқҳои касабаи коркунони ма­данияти pайони Орҷоникидзеобод буд.

Асосан барои бачаҳо шеър менавишт. Аввалин маҷмӯа ашъораш — «Мусичаҳо нодон не» (1905). Муалли­фи маҷмғаҳои ашъори «Телефони чум- чуқ» (1968), «Гулмоҳӣ» (1971), «Бузғолаи бозингар» (1974), «Файзи баҳор» (1977). Ашъораш ба забонҳои русӣ, украинӣ, литвонӣ ва ғайра тарҷу­ма шудааст. Аз соли 1973 узви ИН СССР. Бо медалҳо, Грамотаҳои Пре­зидиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …