Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нуқтаи шабнам

Нуқтаи шабнам

Нуқтаи шабнам, ҳароратест, ки ҳаво то расидан ба ин нуқта бо­яд хунук шавад, то ки дар мавриди намии муайян ва фишори доимӣ аз бути об сер шавад. Ҳангоми ба Нуқтаи шабнам расидан дар ҳаво ё дар предметҳои бо он алоқаманд конденсатсии буғи об cap мешавад. Нуқтаи шабнам яке аз хусусиятҳои асосии намии ҳаво мебо­шад; онро аз рӯи қиматҳои ҳарорат ва намии ҳаво ҳисоб кардан ё бевосита ба ёрии гигрометри конденсатсионӣ муайян кардан мумкин аст.

Агар намии нисбй аз 100% кам бо­шад. он гоҳ Нуқтаи шабнам ҳамеша аз ҳарорат ҳақиқии ҳаво паст ва ҳар қадаре ки намии ҳаво кам бошад, Нуқтаи шабнам ҳа­мон қадар паст мешавад. Ҳангоми сершавӣ, яъне ҳангоми намии нисбӣ 100% будан, ҳарорати ҳақиқӣ ба Нуқтаи шабнам мувофиқ меояд. Ҳангоми ҳарорати ҳаво 15° Селсия ва намии нисбӣ 100, 80. 60. 40% будан, Нуқтаи шабнам мувофиқан 15,0; 11,6; 7,3; 1,5е Селсия мебошад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …