Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нуқтаи материалӣ

Нуқтаи материалӣ

Нуқтаи  материалӣ, дар ме­ханика мафҳумест дар бораи объ­екти андозааш беинтиҳо хурд (вале ба ҳар ҳол дорои масса). Мавқеи Нуқтаи  материалӣ дар фазо чун мавқеи нуқтаи геометрӣ муайян карда мешавад, ки ин ҳалли масъалаҳои механикиро хеле осон мекунад.

Дар амал ҳар як ҷисми додашударо, ки ҳаракати пеш­раванда аст ё масофахои тайкардаи нуқтаҳои ин ҷисм нисбат ба андозаҳои худи он хеле бузурганд, чун Нуқтаи  материалӣ  муоина кардан мумкин аст. Ҳангоми харакати ҳар гуна системаи ме­ханикӣ (аз он ҷумла, ҷисми сахт) маркази массаҳои он (маркази вазнинӣ) чун Нуқтаи  материалӣ харакат мекунад, ки массааш ба массаи тамоми система баробар буда, аз таъсири хамаи қувваҳои берунаи ба систе­ма гузошташуда бояд харакат мекард.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …