Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нуқтаи кюри

Нуқтаи кюри

Нуқтаи кюри, ҳарорати Кюри, ҳарорати гузариши фазавии навъи дуюм, ки ба тағйирёбии ҷаҳишноки хосиятҳои симметрияи моддаҳо алоқаманд аст. Масалан, дар Нуқтаи Кюри ферромагнетиҳо (оҳан, кобалт, никел ва ғайра) хосиятҳои махсуси магнитии худро гум мекунанд ва дар ин ҳарорат ё ин ки ҳарорати аз он баландтар онҳо чун парамагнетикҳои оддӣ (нигаред Парамагнетизм) рафтор мекунанд.

Нуқтаи Кюри барои оҳан 768° Селсия, барои кобалт 1150° Селсия, барои никел 365° Селсия мебошад. Сегнетоэлектрикҳо ҳам дар Нуқтаи Кюри хосиятҳои махсуси электрии худро гум мекунанд ва ба диэлектрикҳои оддии дорои молекулаҳои қутбӣ табдил меёбанд. Баъзан сегнетоэлектрикҳо, ғайри ба ном Нуқтаи Кюрии болоӣ Нуқтаи Кюрии поёнӣ (масалан, барои намаки сегветӣ мувофиқан 54Селсия ва 12° Селсия мебошад) низ доранд. Нуқтаи Кюри  ба шарафи П. Кюри, ки гузариши фазавии ферромагни- тикҳоро муфассал омӯхтааст, чунин номида шудааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …