Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нуқта

Нуқта

Нуқта (ар. — изи ниҳоят хурди чизҳои нӯктез чун қалам, сӯзан ва ғайра) дар математика, яке аз мафҳумҳои асосии геометрия. Ҳангоми ба таври системавӣ баён намудани геометрия ба сифати маф­ҳумҳои ибтидоӣ Нуқтаро қабул мекунанд. Дар математикаи муосир элементҳои табиаташон гуногун, ки аз онҳо фазоҳои ҳархела тартиб ёфтаанд низ Нуқта номида мешаванд (масалан, дар фазои n-ченаи Евклид Нуқта гуфта маҷмӯи ададҳои мураттабшударо мефаҳманд).

Дар бисёр фаслҳои математика Нуқтаҳое, вомехӯранд, ки номҳои махсус доранд. Масалан, Нуқтаҳои махсус дар геометрия (Нуқтаи гардиш, Нуқтаи хамгашт, Нуқтаи кунҷӣ ва ғайра); Нуқтаҳои махсуси ҳалҳои муодилаи дифференциалӣ ва Нуқтаҳои махсуси функсияҳои таҳлилӣ дар таҳлили математикӣ; Нуқтаи хосияти маҷмӯъро тавсифдиҳанда дар назарияи маҷмӯъҳо (масалан, нуқтаи ҳудудй), нуқтаи сарҳадӣ ва ғайра.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …