Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нуқс ва камол

Нуқс ва камол

Нуқс ва камол (саҳеҳтараш нақс — айб, камбудӣ, кос­тӣ, норасоӣ ва пуррагӣ, томӣ, фазилат), мафҳумҳои фалсафианд, ки ҳолату хусусият, кайфияту вазъияти мухолифи одамиро ифода мекунанд. Дар Нуқс ва камол ғолибан зина- ҳои таҳаввулоту такомулоти маънавию ҷисмонӣ ва ахлоқӣ инъикос ме­шаванд.

Мафҳумҳои Нуқс  ва камол дар ра­вияю таълимотҳои мухталифи фалсафию ахлоқӣ ва тасаввуф ба тарниқи гуногун таъбир мешаванд. Масалан, дар илм ахлоқ ҳолати ба сифатҳои ношоиста доро будани шахсро нуқс ва соҳиби фазилатҳои писандида ва хулқи нек гардидани онро камол медонанд. Дар тасаввуф мурид дар ибтидои сулук соҳиби нуқс аст. Вай танҳо баъди бартараф кардани монеаҳои моддӣ ва расидан ба ҳақ камол меёбад ва ӯро дар ин мақом инсони к ом и л меноманд. Дар бисёр системаҳои фалсафӣ камол ба маънии нафс низ истифо­да мешавад.

Адабиёт: А б у а л ӣ ибни Сино, Осори мунтахаб, ҷилди 1, Душанбе. 1980; Вертельс Е. Э., Избранные труды. Суфизм и су­фийская литература, Москва, 1965.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …