Маълумоти охирин

Нуқра

Нуқра (сими холиси гудохста, лотинӣ Argentum), Ag, элементи химиявии гурӯҳи I системаи даврии Мендалеев, рақами ат. 47, массаи ат. 107,868. Нуқраи табиӣ аз 2 изотопи собит ,07Ag ва ,09Ag иборат аст. Аз изотопҳои радиоактивиаш ,I0Ag (давраи нимкоҳишаш 253 шаборӯз) аҳамияти амалӣ дорад. Нуқра дар Миср, Эрон ва Хитой аз қадим (4 ҳазор сол то милод) маълум буд.

Нуқра 7 • 10-4% массаи қишри заминро ташкилл мекунад. Нуқра дар ҳолати озод ва конҳои гидротермалӣ якҷоя бо аргентит дучор мешавад. Конҳои Нуқра дар Осиёи Миёна, Урал, Олтой, Сибир ва Шарқи Дур мавчуданд.

Дар биосфера асосан дар оби баҳрҳо (3 • 10-*%) паҳн шудааст. Нуқра ме­талли сафеди нарм, зичиаш 10500 килограмм/метр8 (дар 20° Селсия), t гудозиш 960,8°Селсия; t-ҷӯшиш 2212 Селсия. Нисбат ба ҳамаи ме-таллҳо Нуқрв қобилияти баланди гармӣ ва электргузаронӣ дорад. Аз ҷиҳати химиявӣ Нуқра элементи камфаъол аст. Дар шароити мӯътадил бо 02, N2, СЬ ва Hj ба реакция намеравад. Бо бисёр металлҳо хӯла ҳосил меку­над. Нуқра дар пайвастҳояш асосан як, баъзан ду ва севалента аст. Аз оксидҳои Нуқра AgaO ва AgO устуворанд Суспензияи AgaO хосияти антисеп­тикӣ дорад.

Нуқра дар кислотаҳои нит­рат ва сулфати консентронида ҳал шуда, намак ҳосил мекунад Аксарияти намакҳои Нуқра (ғайр аз AgNOa, AgF, AgC10<) камҳалшавандаанд. Нуқра дар «шахшароб» аз сабаби пайдо шудани пардаи муҳофизин AgCl ҳал намешавад. Нуқра бисёр намакҳои комплексии нағзҳалшаванда ҳосил менамояд, ки аксари онҳо дар химияи таҳлилӣ ва технологияи химиявӣ васеъ истифода мешаванд Нуқраро асосан (қариб 80%) аз маъданҳои полиметаллӣ ва маъданҳои тиллою мис ҳосил мекунанд.

Нуқра яке аз элементҳои ҳаётан зарури организм мебошад; дар организми ҳайвонот асосан дар ғадудҳои эндокринӣ, пардаи пигментии чашм, эритроситҳо, глобулини хун, гемоглобини ферментҳо ва ғайра дучор мешавад.  Роли биологии Нуқра пурра омӯхта нашудааст. Нуқра ҳамчун металли сафеди зебо, ба таъсири муҳит устувор, қаиш, ёзанда аз қадимулайём барои тайёр намудани маснуоти нафиса, ороишот ва ғайра васеъ истифода мешавад. Нуқра дар шароити истеҳсоли молӣ дар қатори тилло функцияи эквиваленти умумии пулро иҷро кардааст. Препаратҳои Нуқра (нитрати нуқра, кол­ларгол, протаргол ва ғайра) таъсири зидди бактериявӣ дошта, дар тиб истифода мешаванд.

Адабиёт: Плаксин И. Н., Металлургия благородных металлов, Москва., 1958; Рем и Г., Курс неорганической химии, том 1, Москва, 1963. Пятницкий И. В., Сухан В. В., Аналитическая химия серебра, Москва, 1975.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …