Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нукар

Нукар

Нукар навкар  дар асрҳои миёна хизматчии ҳарбии феодалони калон, хон, шоҳ ё султон. Нукар аз ибтидои асрҳои миёна маъмул буда, дар ҳолати ҷанг пеш аз ҳама ҷанговар ва дар замони осоишта — посбон, муқарраб ҳисоб меёфт. Ба ива­зи хизмати Нукар аввалҳо хонаю ҷой, хӯрок, либос, яроқу аслиҳа ва сонитар қисми ғанимати ҳарбӣ, замин ва деҳқнони тобеъро медоданд, ки дар натиҷа он ба вассалu оддии феодалони калон табдил меёфт. Дар манбаъҳои таърихии замони Темур ва темуриён Нукар бештар номбар шу­да, минбаъд он дар Осиёи Миёна ва Осиёи Ғарбӣ мазмуни нав гирифтааст (хизматгор, мулозим, чокар, сипоҳӣ, ҷанговари зархарид ва ғайра).

Нукарҳо минбаъд табақаи махсуси ҳарбиёнро ташкил медоданд. В. И. Ленин онҳоро ҳамчун табақаи махсуси иҷтимоӣ тавсиф намуда, қайд карда буд: «…хусусиятҳои асоси нӯкар, ки як типи сосиалӣ аст, риёкорӣ ва тарсончакӣ мебошад. Касби нӯкарӣ маҳз ҳамин хислатро тарбия меку- нанд» (Acарҳои, ҷилди 29, саҳифаи 583). Дар асрҳои 18—19 дар хониҳои Осиёи Миёна қӯшунҳо асосан аз Нукарҳои савора иборат буданд. Онҳо аз ӯҳдадориҳо огоҳ буда, дар ҳолати ҷанг бо аспи худ ба назди ҳокими вилоят ҷамъ мешуданд.

Дар ибтидои асри 19 миқдори Нукар дар аморат 36 ҳазор нафар, хонии Хева 1,5 ҳазор нафарро ташкил дода, яроқашон аз камонҳои пилтадор, найза, шамшер ва ғайра иборат буд. Нукарҳо дар ноҳияҳои гуногун зиста, «танхоҳхӯр» буданд ва деққононро истисмор мекарданд. Дар бекиҳои Бухорои Шарқӣ (Қаротегин, Дарвоз ва ғайра) Нукар асосан хизматгори синфҳои ҳоким буда, барои фурӯ нишондани шӯришҳои халқӣ истифода мешуд. Ҳар деҳа ба худ мувофиқ миқ- дори муайяни (одатан аз 5 то 15 нафар) Нукар дошт.

Нукарҳо аз андозҳо озод буда, супоришҳои мухталифи маъмурӣ (аз қабили назорат ба заминҳои ҷамоа, бурдани номаю андозҳои гуногун ба Бухоро ва ғайра) ва инчунин дар қатори деҳқовон маҷбуриятҳои гуногунро адо менамуданд (нигаред Бегорӣ). Нукари деҳа соле ба ивази хизматаш аз 100 батман то 48 пуд ғалла, инчунин дастор, либосу пойафзол ва ғайра мегирифт. Нукар барои андаке гуноҳ ба ҷазои сахт гирифтор мешуд. Истилоҳи Нукар баъди барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Осиёи Миёна аз байн рафт.

Адабиёт: Ленин В. И., Дар нӯкархона, Асарҳо, ҷилди 29; Семёнов А. А., Очерк уст­ройства центрального административно­го управления Бухарского ханства позд­нейшего времени, «Тр. Академии Наук Таджикской ССР», том 25, Сталинабад, 1954; Кисляков Н. А., Очерки по истории Каратегина, Сталинабад, 1954; Ҳамон муелл., Патриархально-феодальные отно­шения среди оседлого сельского населения Бухарского ханства в конце 19, начале 20 века, Москва— Ленинград, 1962; Узбекистон ССР таърихи, ҷилди 1, китоби 2, Тошкент, 1957.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …