Маълумоти охирин

Нозимов Зафар

Нозимов Зафар (таваллудаш 02. 06. 1940, деҳаи Сақови pайони Ғарм), сароянда, оҳангсози тоҷик. Артисти Халқии РСС Тоҷикистон (1974). Истеъдоди сарояндагӣ ва навозандагии Нозимов дар дастаи Ҳаваскорон зоҳир шуд. Аз соли 1958 солисти Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ, аз соли 1962 солисти Филармонияи давлатии Тоҷикистон.

Зафар Нозимов

Нозимов ҳамчун оҳангсози навовар ва такмилдиҳандаи суруд­ҳои халқӣ мусиқиро вобаста ба мазмун ва хусусиятҳои савтии шеър тақвият медиҳад: «Саҳарноз» (оҳанги халқ), «Эй шӯх» (оҳанги А. Қодирӣ), «Баҳор» (оҳанги халқ) ва ғайра аз ҷумлаи ҳамин сурудҳоанд. Низомов инчунин оҳангҳои офаридан худ — «Нозукбадан» (бар матни Ҷомӣ), «Эй ситамгар» (Хоҷаи Кӯҳистонӣ), «Санги ёдбуд» (Симин) ва ғайраро бо маҳорати баланд иҷро мекунад. Ревертуари ӯ хеле доманадор буда, сурудҳои халқӣ, лирикии ишқӣ, пандуахлоқӣ, анчунин сурудҳои халқҳои шарқӣ хориҷӣ (афронӣ, эронӣ, ҳиндӣ) ва Иттифоқи Советӣ (ру­сӣ, украинӣ, ӯзбекӣ, озарӣ)-ро дар бар мегирад.

Мавзӯи сурудҳои Низомов асосан ишқу муҳаббат, ҷавонӣ, зебоӣ ва нишоти зиндагӣ, васфи модар, ватан ва ғайра буда, оҳанги ҳаётдӯстонаву сурурангез доранд. Ба мамлакатҳои хориҷӣ (Эрон, Афғонистон, Туркия, Голландия) ва бисёр шаҳрҳои СССР сафари ҳунарӣ кардааст. Бо медал мукофотонида шудааст.

Санаи 3-юми августи соли 2010-ум Зафар Нозимов аз олам даргузашта дар мазори Лучоби ш. Душанбе ба хок супорида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …