Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нозимов Олим

Нозимов Олим

Нозимов Олим (таваллудаш 15. 03. 1932, деҳаи Ремони pайони Айнӣ), шахтёр, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1971). Аъзои КПСС аз соли 1960. Солҳои 1949—1953 колхозчии колхози ба номи Ворошилов (холо колхози «Россия»), 1956—1962 булдозерчӣ ва аз соли 1962 сардори бригадаи пармачиёни комбинати маъдантозакунии Дижикруд.

Нозимов плани панҷсолаи 8-умро дар зарфи 3,5 сол иҷро карда, ба унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ноил шуд. Нозимов бо ордени Ленин, ордени «Нишони фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …