Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нозили Xуҷандӣ

Нозили Xуҷандӣ

Нозили Xуҷандӣ Авазмуҳаммад ибни Ҳоҷимуҳаммад (1790, Хуҷанд — 1876, Хуҷанд), шоири тоҷик. Дар ашъораш «Нозила, «Нозилӣ», «Тирозӣ», тахаллус кардааст. Нозили Xуҷанд дар мактабу мадрасаҳои Хуҷанд ва Хуҷанд таҳсил намуда, аз солҳои 20 асрҳои 19 ба сифати шахси фозил ва шоири намоёни давр шӯҳрат ёфт. Аз ӯ ду девони ашъор — «Девони ғазалиёт» ва «Ҳаҷвиётнома» ба мо расидааст. Девонҳои шоир аз ғазалиёт, рубоиёт, мухаашасот, муқаттаот, қасоид, мусаммат ва маснавиҳо таркиб ёфта, ҷамъ 5704 байтро фаро гирифтаанд. Дар ашъори ӯ афкори пешқадами иҷтимоию сиёсии давр акс ёфтааст.

Нозили Xуҷандӣ вазъи муҳити тира зулмпарвар, аҳволи вазнини аҳли хираду дониш, хориву залилии мардумро ба қалам овардааст. Дар ҳаҷвиёти Нозили Xуҷандӣ орзуи табақаҳои поёни иҷтимоӣ ифода ёфта, иллату ғазолати зиндагии амалдорони давлат, рукописи, амиру вазирон танкиду мазаммат шудааст. Қисме аз ашъ­ори Нозили Xуҷандӣ дар байни мардум паҳн шуда, ҳамчун сурудҳои дилписанди халқӣ замзама мегарданд ва ба воситаи радиову телевизион хонда мешаванд ва ё ҳукми асарҳои фолклориро гирифтаанд. Нозили Xуҷандӣ дар адабиёти нимаи аввали асри 19 тоҷик мақоми арзандае дорад. Нозили Xуҷандӣ ба забони ӯзбекӣ ҳам шеър гуфта дар инкишофи адабиёти ӯзбек caҳм гузоштааст.

Ад.: Каримов У., Ноаили Хучаидй, Д., 1978.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …