Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нозематози занбӯри асал

Нозематози занбӯри асал

Нозематози занбӯри асал як навъ касалии занбури асал, ки паразити якҳуҷайрагии ҷинси нозема ба вуҷуд меорад. Манбаи сироят занбӯри касал мебошад. Спорои но­зема бо асал, шон, гарди гул ва ғайра паҳн мешавад. Дар оилаҳои аз Нозематози сироятёфтаи занбӯри асал ҳангоми зимистонгузаронӣ ё моҳи аввали ба саҳро баровардани канду пеш аз ҳама бисёр мурдани занбӯрҳо мушоҳида мешавад. Касалиро дар асоси аломатҳои клиники ва таҳлили моддаҳои даруни рӯда муайян мекунанд. Барои муолиҷа ба занбӯр шарбати фумагиллиндор медиҳанд.

Пешгирӣ: риояи қоидаҳои зимистонгузаронии занбӯри асал, дезинфексия бо буғи формалин.

Ад.: П о л т е в В. И., Болезни пчёл, Л., 1964.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …