Маълумоти охирин

Нозбӯ

Нозбӯ, н иё з б ӯ й, 1) б о д р а н ҷ буя, р а йҳо нӣ, р а й ҳо н ӣ л а л мӣ, лимукаҳак, л и м у г и ё ҳ, лимупудина (Melissa Officinalis), гиёҳи хушбӯест аз лабгулҳо. Баландиаш аз 30 то 125 см. Пояаш чорқирраи ростқад ва сершохча, бо мӯякҳои нарм пӯшида шудааст. Баргаш думчадор, байзашакл (дарозиаш 5— 8 см), дандонадор, дар поя мутақобил ҷойгир шудааст. Гулаш майдаи сафед, зардтоб ё гулобӣ, мевааш аз 4 чормағзак («тухм»)-и байзашакли буртоб (вазни 1000 донааш 0,52— 0,68 г) иборат аст. Аз июн то сентябр гул мекунад. Нозбӯи худрӯй дар кишварҳои баҳри Миёназамин, Европаҷ Ҷанубӣ ва ғайра, инчунин дар СССР (Кавказ, Қисми европоӣ, Осиёи Миёна ва аз он ҷумла РСС Тоҷикистон) месабзад. Бештар дар алафзор ва буттазори ҷан­гал, баъзан чун алафи бегона дар киштзору боғ мерӯяд. Нозбӯро дар замонҳои хеле қадим киштукор мекарданд. Махсусан дар байни юнониҳо ва мисриҳои қадим маъмул буд. Машҳурии Нозбӯро олимони Дунёи Қадим Теофраст ва Диоскорид ҳам хотиррасон кардаанд. Дар асрҳои миёна Нозбӯро арабҳо ба Испания бурдаанд.

Нозбӯро бештар дар Булгория, РДГ, РФГ, Италия, Венгрия, ШМА, инчунин аз соли 1937 дар СССР (Қрим, Кавказ, Осиёи Миёна) киштукор мекунанд. Нозбӯро аз тухм зиёд мекунанд. Меъёри кишт — 5—7 км/кг, чуқурии кишт — 0,5 см. Нозбӯ баъди 20—25 рӯзи кишт саросар месабзад. Баргу пояи онро ҳангоми гулшукуфт меғундоранд. Аз ҳар га баъди 2—3 дарав 200—250 с баргу пояи сабз ва 2—3 с/та тухм (дар киштзори тухмӣ) мегиранд. Нозбӯ дар як до 8—10 сол ме­сабзад. Аз баргу пояи тари Нозбӯ равғани эфир (то 0,33%) ҳосил меку­нанд. Ҳар гаи нозбӯзор 30—35 кг равғани эфир медиҳад. Таркиби равғани эфир асосан аз ситрал (60%), нитронелалл (5|%), гераниол, линалол ва ғайра иборат буда, бӯи хуши лиму дорад. Онро барои тайёр кардани атр ва бӯё кардани ҳар гуна нушокиву машрубот ва доруҳои гуногун истифода мебаранд. Баргаш сервитамин (его 150 мг% витамин С, 7 мг% каротин) буда, чун хӯриш ва чой, инчунин барои очоронии бодирингу помидор ва консерви моҳӣ ис­тифода мешавад.

Нозбӯ гиёҳи доруии қадимист. Юнониҳои қадим онро «оромӣ» ва «хуррамии дил» мегуфтанд. Мувофиқи гуфти Абуалии Сино Нозбӯ барои табобати ҳама гуна беморӣ ёрӣ мерасонад. Махсусан чун давои муқавии дил ва узвҳои ҳозима судбахш аст. Инчунин Нозбӯро барои муолидаи хафақон, иллати майна ва узвҳои нафас низ истифода мебурд. Дар тибби халқӣ Нозбӯро давои зикки нафас, камхунӣ, бехобӣ, невралгия, дарди банду азала ва ғайра меҳисобанд. Дар тибби муосир асосан барги Нозбӯ (Folium meliasae)-po чун давои мушаҳҳӣ, муқаввии организм, мусаккини асаб исти­фода мебаранд; 2) номи дигари райҳон.

Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение рас­тениями, М., 1972; Скляревскнй Л. Я. Целебные свойства пищевых расте­ний, М., 1972; М у х а н о в а Ю. И., Г р е б у х и н а К. А., Т у л е н к о в а А. Г., Зелёные и пряные овощные культуры, М., 1977; Полудённый Л. В., Сот­ник В. Ф., Хлапцев Е. Е., Эфирно­масличные и лекарственные растения, М., 1977.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …