Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Новосёлова Александра Васил­евна

Новосёлова Александра Васил­евна

Новосёлова Александра Васил­евна (таваллуд 23.03.1900, деҳаи Верезино, ҳозира pайони Кашанскии вилояти Ка­линин) , химики со­ветӣ, акад. АФ СССР (1970; аъзо- корр. 1953). Университети Москваро хатм кардааст (1925). Аз соли 1926 дар ҳамон ҷо кор мекунад; декани факултети хи­мия (1948—1955), мудири лаборатория. Асарҳои асосии Новосёлова ба коркарди усулҳои синтез, тадқиқоти диаграммаҳои фазавӣ, сохт ва хосиятҳои физикию химиявии пайвастҳои элементҳои нодир, хусусаи пайвастҳои бериллий бахшида шудааст. Аввалин шуда дар СССР усули реаксияҳои химиявии

газотравспортиро барои синтези пайвастҳои душворгудоз истифода бур­да (бо ҳамроҳии Б. П. Соболев) монокристаллҳои силикатҳои бериллий, руҳ, алюминий ва манганро ҳосил кард.

Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1948) ва Мукофоти ба номи М. В. Ломоносова Университети Москва (1970). Бо 2 ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ас.: Аналитическая химия бериллия, М., 1966 (ҳакроҳи Л. Р. Бацанова).

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …