Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Новиков-Прибой Алексей Силыч

Новиков-Прибой Алексей Силыч

Новиков-Прибой (тахалл.; фам. Новиков) Алексей Силыч (24. 03. 1877, деҳаи Матвеевкаи губ. Тамбов, ҳозира райони Сасови вилояти Рязан — 29.04.1944, Москва), нависандаи советии рус. Аз оилаи девқон. Баҳрнаварди Флоти Балтика буд (1899— 1906). Иштирокчии муҳорибаи Тсуси­ма (1904—1905). Асарҳояш аз соли 1906 нашр мешаванд. Аввалин маҷм.  ӯ — «Ҳикояҳои баҳрӣ» соли 1917 чоп шуда­аст. Барои фаъолияти револютсионнаш аз тарафи ҳокимияти подшоҳӣ таъқиб шуда, чанде (1907—1913) бе­рун аз ватан зистааст.

Эҷодиёти Новиков-Прибой, ки бо таъсири М. Горкий ривоҷ гирифтааст, дар ҷараёни адабиё­ти реалистии рус инкишоф ёфта, анъанаи адабиёти «баҳри»-и классикиро давом додааст (повести «Баҳр даъват мекунад», 1919; романҳои «Гаввосон», 1923, «Купели шӯр», 1919 ва ғайра). Асарҳои беҳтарини Новиков-Пробой — эпопеяи таърихии «Тсусима» (ҷ. 1—2, 1932—1935; Мукофоти давлатии СССР, 1941) ба қаҳрамонии баҳрнавардони рус, офитсерони беҳтарин бахшида шуда, бераҳмию зулми фармондеҳони флоти подшоҳиро нисбат ба зердастон фош кардааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо очерку мақолаҳои доир ба флоти советӣ баромад карда, романи «Капитани дараҷаи 1»-ро (қ. 1—2, 1942—1944, нотамом) навишт. Баъзе асарҳои Новиков-Прибой ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шудаанд. Аз рӯи асарҳои ӯ филм бардошта шу­дааст. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ос.: Собр. соч., т. 1—5, М., 1963.

Ад.: Русские советские писатели-про­заики. Бнобнблиопяфическнй укаватель, т. 3, Л., 1964.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …