Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Новиков Анатолий Григоревич

Новиков Анатолий Григоревич

Новиков Анатолий Григоревич (таваллудаш 30.10.1896, Скопин, ҳозира вилояти Рязан), бастакори советӣ ва ходи­ми ҷамъиятӣ. Қаҳрамонн Меҳнати  Сотсиалистӣ (1976).Артисти Халқии СССР (1970). Аъзои КПСС аз соли 1952. Солҳои 1921 — 1927 дар Консерваторияи Москва таҳсил намудааст (синфи бастакории Р. М. Глиэр). Солҳои 1920—1930 роҳбари дастаи хори ҳаваскорон, аз ҷумла хори армияи советӣ. Солҳои 1930— 1943 роҳбари бадеии Ансамбли суруди ВЦСПС, 1948—1951 — Ансамбли суруди Радиои умумииттифоқ.

Новиков зиёда аз 500 суруди халқии русиро гирд оварда, онҳоро такмил додааст («Сурудҳои халқии русӣ», ҷ-ҳои 1—3). Қариб ҳамаи сурудҳои Новиков дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ ва гражданӣ эҷод шудаанд. Сурудҳои ӯ «Россия» (матни С. Я. Алимов), «Роҳ», «Ватани ман» (матнҳои Л. И. Ошанин), «Гимни ҷавонони тараққи- парвари ҷаҳон (1947, матни Л. И. Ошанин; мукофоти 1-уми Фестивали умумичахонии чавонон» ва студентони тарақдипарвар, Прага), «Вася- Василёк» (матни С. Я. Алимов), «Марши бригадаҳои коммунистӣ» (матни В. Т. Харитонов) ва ғайра шӯҳрат доранд. Муаллифи мазҳакаҳои мусиқии «Левша» (1957), «Супориши махсус» (1965), «Тӯси сиёҳ» (1969), «Василий Тёркин» (1971) ва ғайра Раиси Ҷамъияти умумироссиягии хор (аз 1958). Депутати Совети Олии РСФСР даъватҳои 5—8. Лауреати Му­кофоти давлатии СССР (1946, 1948). Бо 2 ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, ордени Байрақи Сур­хи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …