Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Новичков Виктор Емелянович

Новичков Виктор Емелянович

Новичков Виктор Емелянович (таваллудаш 08.03.1916, шаҳри Боришскии вилояти Уляновск), ходими давлатии советӣ. Аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз соли 1941. Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1932 оғоз ёфтааст. Солҳои 1932—1936 челонгари фабрикаи мовути шаҳри Гуреви вилояти Уляновск, донишҷӯи техникуми кӯҳию техникӣ ва баъди хатми он техники смена, сардори корҳои таркониши Комбинати сланетси ба номи С. М. Кирови вилояти Ленинград.

Солҳои 1937—1940 дар сафҳои Армияи Советӣ, 1940—1941 инспектори техникии Саруправленияи роҳҳои РСС Тоҷикистон, 1941— 1942 инструктори КМ ПК Тоҷикистон. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Солҳои 1946—1961 инструктори КМ ПК Тоҷикистон.» директори заводи механикии ба номи Орҷоникидзеи Душанбе, ҷонишини якуми раиси Комиҷроияи Советӣ депутатҳои мехнаткашони шаҳри Душан­бе, 1961—1963 ҷонишини якуми раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон, 1963—1973 Ҷонишини Раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон, 1973—1984 ҷонишини якуми Раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон. Аз ноябри 1984 дар нафақа.

Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 9—10), депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 5, 7, 8, 10). Бо орденҳои Револютсияи Ок­тябр, Байрақи Сурх, Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 1), 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени Ситораи Сурх, 2 ордени «Нишони Фахрӣ» ва ме­далҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …