Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нотоунгулятҳо

Нотоунгулятҳо

Нотоунгулятҳо (Notoungulata), як қатори ширхӯрҳои мунқариз. Аз сабаби ба сумдорҳо наздик буданашон Нотоунгулярҳоро сумдорҳои Америкаи Ҷанубӣ низ меноманд. Аз палеоген то плейстосен зиндагӣ кардаанд. Баъзе Нотоунгулятор (типотерия) аломатҳои сумдору хазандаҳоро дошта, дигарашон (энтеловихия, токсодонҳо) ба каркадан ва тапирҳо монанд буданд. Тахмин мекунанд, ки Нотоунгулятҳо дар Осиё аз кондиляртрҳо пайдо шуда, аввалҳои давраи палеогенӣ эраи кайнозой то Америка паҳн шудаанд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …