Маълумоти охирин

Нотариат

Нотариат ( аз лот. notatius — котиб, мирзо), системаи органҳое, ки тасдиқи аҳдҳо, ба расмият даровардани ҳуқуқҳои меросӣ, тасдиқит ҳуҷҷатҳо ва ғайраро ба амал мебарорад.  Дар СССР ташкил ва фаъолияти Нотаро қонуни СССР аз 19 июли 1973 «Оид ба нотариати давлатӣ» («Ведомостҳои Совети Олии СССР», 1973, № 30, моддаи 393) ба тартиб медарорад. Муҳофизати моликияти сотсиалистӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии гражданҳо, муассиса, корхона, ташкилот, мустаҳкам намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ вазифаи Нотаи дав­латӣ мебошад. Барои амалиёти нотариалӣ дар шаҳрҳо ва пунктҳои аҳолинишин идораҳои давлатии но­тариалӣ ташкил карда шудаанд.

Дар марказҳои республикаҳои иттифоқӣ, автономӣ, кишварӣ ва вилоятӣ, идораҳои асосии нотариалии давлатӣ таъсис ёфтаанд. Дар ҷойҳои аҳолинишине, ки идораи нотариалии дав­латӣ нестанд, амалиёти нотариалиро (тасдиқи васиятисмаҳо, шартномаҳо, муҳофизати моликияти меросӣ, нусхаи ҳуҷҷатҳо ва ғайраҳо) комиҷроилҳои советҳои депутатҳои халқии районӣ, шаҳрӣ, посёлкавӣ ва қишлоқӣ ба но меоваранд. Дар хориҷа иҷрои амали­ёти нотариали ба зиммаи муассисаҳои консулии СССР гузошта шуда­аст. Шахсони мансабдори Нота— нотариусҳо уҳдадоранд ба гражданҳо ва ташкилотҳо дар муҳофизати ҳуқуқӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо ёрӣ расонда, сирри амалиёти нотариали­ро нигоҳ доранд.

Дар бештари мамлакатҳои сотсиалистӣ барои иҷрои амалиёти нотариалӣ идораҳои нотариалии давлатӣ таъсис карда шудааст. Дар баъзе мамлакатҳо (масалан, Венгрия), органҳои мустақили нотариалии давлатӣ мавҷуд нест, аммалиётҳои нотариали­ро нотаррусҳои назди суди халқӣ ва дар баъзе ҳолатҳо—судҳои халқӣ иҷро мекунанд. Амалиёти ҷудогонаи нотариалиро дар баъзе мамлакатҳои сотсиалистӣ (масалан, Булгория, Пол­ша, Руминия) органҳои ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ба ҷо оварда ме­тавонанд.

Дар мамлакатҳои капиталистӣ шаклҳои гуногуни ташкилотҳои Нотарияал мавҷуданд. Дар як қатор мамлакатҳо (масалан, Италия, Франсия, РФГ) амалиёти нотариалиро танҳо нотариусҳои давлатӣ, дар баъзе давлатҳо нотариусҳои давлатӣ ва калисо (масалан, Британияи Кабир) иҷро меку­нанд. Дар ШМА амалиёти нотариалӣ ба ӯҳдаи нотарвусҳои давлатӣ (онҳоро органҳои қонунгузори штат таъин менамояд) ва инчунин комиссарҳо оид ба муқаррар кардаи фактҳо (ин комиссарҳоро Советҳои мунисипалӣ таъин мекунанд) гузошта шудаанд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …