Маълумоти охирин

Носкаду

Носкаду 1) ч и л и м к а д у, чӯбкаду (Lagenaria vulgaris), расте­нии яксолаест аз оилаи кадуиҳо. Дарозии палакаш 2—3 м. Баргаш мудаввари дилшакл, гушадоре 3-парраи махмалин (дарозиаш 10—40 см), гулаш сафед (диаметраш 7—10 см), мевааш ҳаҷман ва шаклаш хеле гуногун. Моҳҳои июну июл гулу мева мекунад. Одатан меваашро намехӯранд. Тухмаш то 50% равған до­рад.

Аз мевааш ҳар гуна зарф (ба­рои обкашонӣ, ҷурготхобонӣ, чилимкашӣ—«чилимкаду») масохтаяд. Дар Тоҷикистон онро асосан барои ороиш кишт мекунанд; 2) н о с д о н, зарфест барои носгирӣ. Носкадуро аз як хели чӯбкаду, мис, нуқра, шохи ҳайвон ва ғайра месозанд. Нӯги борики Носкадуи аз чӯбкаду сохтамешударо сӯрох карда дарунашро тоза ва қисми берунашро суфта (баъзан нақшин) менамоянд. Даҳони Носкадуро бо даҳонаки аз чарм, коғаз, чӯб ва ғайра сохташуда мепӯшанд. Носкадуеро, ки аз мис ё нуқра тайёр мекунанд, асосан мудаввар, махрутшакл ва ғайра буда, бо ҳар гуна нақшу нигори зебо оро дода мешавад.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …