Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Носирова Ҳалима

Носирова Ҳалима

Носирова Ҳалима (таваллудаш 29.12. 1913, деҳаи Таглик, наздики Қӯқанд), сарояндаи советии ӯзбек (сопрано), Арт. Халқии СССР (1937). Дар Техникуми театрии Боку ва  дар студияи операи (қисми ӯзбекҳо) Консерватори­ям Москва (1924— 1927) хонда фаъолияташро аз соли 1927  ҳамчун актрисаи  драма (театри ба номи Хамза) оғоз намудааст. Дар солҳои 1928—1929 дар Театри давлатии драмаи мусиқии ӯзбек низ кор кард. Аз соли 1939 со­листкаи Театри опера ва балети ба номи Навоӣ.

Партияҳои беҳтаринаш: Лайлӣ, Гулсара («Лайлӣ ва Маҷнун»-и Т. Содиқов ва «Гулсара»-и Р. Глизр), Зӯҳро («Тоҳир ва Зӯҳро»-и Т. Ҷалилов ва Б. Бровсин), Майсара («Найрангҳои Майсара»-и С. Юдаков), Кармен («Кармен»-и Ж. Бизе) ва дигарон Депутати Совета Олии СССР (даъвати 5). Лауреати Мукофотҳои давлатии СССР (1942, 1951) ва Мукофоти давлатии РСС Ӯзб.екистон ба номи Ҳамза (1971). Бо 2 ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, 4 орде­ни дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …