Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Носирова Ашӯра

Носирова Ашӯра

Носирова Ашӯра (таваллудаш 1924, деҳаи Қистакӯзи pайони Хуҷанд), раққоссаи советии тоҷик, Артисти Халқии РСС Тоҷикистон. (1947). Аъзои КПСС аз соли 1951. Духтари мутриби халқӣ Носири Сурнайчист. Пас аз хатми мактаби таби ибтидоӣ таҳсилро дар техникумҳои занонаи Ленинобод, баъдтар Сталинобод (1934—1939) давом додааст. Фаъолияти раққосагиаш дар дастаи ҳаваскорони санъати мактаб оғоз ёфтааст. Вай соли 1939 дар азназаргузаронии республикавии ҳаваскорони санъати деҳот иштирок намуда, яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол намуд. Худи ҳамон сол Носироваро ба Театри колхозии Сталинобод ба кор даъват намуданд. Солҳои 1940—1960 раққосаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон.

Аз соли 1960 нафақахӯр. Носирова чанд муддат дар ҳайати Ансамбли рақсии халқҳои СССР (таҳти роҳбарии устоди машҳури рацқс И. Моисеев) нозукиҳои санъати рақси касбиро омӯхта, маҳораташро такмил дод. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Носирова ҳамроҳи як гурӯҳ устодони санъати Тоҷики­стон дар назди ҷанговарони фронтҳои Ленинград, Калинин, Марказӣ, Волхов баромад кардааст. Носирова дар ҳар як рақсаш кушидааст образи фаромӯшнашудани офарад ва ҷиҳатҳои нозуку ба худ хоси Раҷси миллии тоҷикиро таҷассум намояд. Истифодаи унсурҳои рақсӣ халқӣ, омезиши хусусиятҳои балети классикӣ бо рақси миллӣ, офаридани образҳои мукаммалу пурҷозиба репертуари Носироваро ғанӣ гардониданд.

Беҳтарин рақсҳои офаридаи Носирова: «Нақорабазм», «Шодиёна», «Бозин калон», «Пахта», «Товус», «Муҳайяр*, «Ҷигарпора», «Танавор», «Рез», «Усмония», «Кабӯтари сулҳ» «Вохӯрӣ, «Дилбар» ва ғайра. Ӯ дар иҷрои рақсҳои тоҷикӣ, ӯз­бек, хоразмӣ, уйгурӣ, славянӣ, ҳиндӣ, муғулӣ ва ғайра мумтоз буд. Носирова ба мамлакатҳои хориҷӣ — Эрон (1941— 1942), Чехословакия (1947), Венгрия (1949), Покистон (1954), Корея ва ғарйа сафари хунарӣ кардааст. Нахустин ҳунарпешаи тоҷик аст, ки лауреата Конкурси умумииттифоқии устодони эстрада дар Москва (1946) шудааст. Носирова иттифоқчии даҳаҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (1941, 1949, 1957), Фестивалҳои умумиҷаҳонии ҷавонон ва студентон дар Прага (1947) ва Будапешт (1949) ме­бошад. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1952). Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 3 ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ад.: Проценко А. И., Танцеваль­ное искусство Таджикистана, Д., 1979.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …