Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Носиров Юсуф

Носиров Юсуф

Носиров Юсуф Саидович (таваллуд 24.8.1932, Хуҷанд), биологи советӣ, акад. АФ РСС Тоҷикистон (1981; аъзо-корр. 1966), доктори илмҳои биоло­гия (1966), профессор (1968). Аъзои КПСС аз соли 1955. С.оли 1950 Институти давлатии педагогии Ленинободро хатм кардааст. Солҳои 1954—1960 корманди калони илмӣ, мудири лабораторияи физиологияи растании Институти ботаника ва 1960—1964 мудири Шӯъбаи физиология ва биофизикаи растении АФ РСС Тоҷикистон. Аз соли 1964 директори Институти физиология ва биофизикаи растании АФ РСС Тоҷикистон.

Носиров муаллифи зиёда аз 130 мақолаю асарҳои илмӣ мебошад. Тадқиқотҳои ӯ ба соҳаҳои биологияи эксперименталӣ бахшида шудаапд. Носиров аввалин шуда соҳаи нави илми биология — генетикаи фотосинтезро ба илм дохил намуд. Носиров тасаввуротро оид ба принсипҳои таъсири генҳои ядрою ситоплазмавӣ дар идоракунии фотосин­тез ва маҳсулнокии растанӣ ривоҷ дода, кошифи асоси назариявии ба вуҷуд овардани навъҳои нави растаниҳое гардид, ки параметрҳои сохт ва функсияи аппарати фотосинтезиашон оптималианд. Носиров раиси Совета координатсионии АФ РСС Тоҷикистон оид ба проблемаҳои физиология ва биохимияи растаниҳо, яке аз роҳбарони мавзӯи комплексии «Генетикаи фо­тосинтез ва маҳсулноки»-и АФ СССР ва ВАСХНИЛ, раиси Ҷамъияти биохимикҳои республика ва президента Академаяи хурди илмии Тоҷикистон мебошад. Бо ордени «Нишони фах­рӣ» ва медалҳо мукофотонида шу­дааст.

Ад: Фотосинтез и урожай хлопчатни­ка. Т*р. АН Тадж. ССР. Т. 00, Д., 1956; Фотосинтез растений вертикальных поя­сов Таджикистана и пути повышения их продуктивности, Д., ‘I960; Фотосинтез и генетика хлоропластов, М., 197-5; Гене­тика фотосинтеза и селекция, М., 1982.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …