Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Носиров Саид

Носиров Саид

Носиров Саид Тӯрабоевич (1901, Хуҷанд — 1938, Сталинобод), ветерани маорифи халқ ва маданияти РСС Тоҷикистон, аъзои КПСС аз соли 1923. Дар мактаби ибтидоии Хуҷанд ва макта­би русии маҳаллӣ таҳсил кардааст. Носиров солзои 1918—1920 котиби комитети камбағалони шаҳри Фарғона, котиби комитети комсомо­лии вилояти Фарғона интихоб гардид, солҳои 1920—1922 ба сафи Армияи Сурх даъват шуд ва дар ҳайати Экспедитсияи Ҳисор дар озод намудани Бухорои Шарцқӣ иштирок кард.

Носиров солҳои 1923—1924 мудири шӯъбаи ташкилии комитети партиявии шаҳри Хуҷанд; соли 1925 котиби комиҷроияи райони Ҷилликӯл, солҳои 1926—1929 прокурори шаҳрҳои Кӯлоб, Уротеппа, Панҷакент, соли 1929 раиси суди округи Хуҷанд, 1930—1931 раиси Комиҷроияи шаҳри Ху­ҷанд, 1931—1932 ҷонишини раиси КИМ РСС Тоҷикистон буд. Носиров Саид соли 1932 комиссари маорифи халқи РСС Тоҷикистон таъин шуд ва дар айни замон (1934) раиси комитети ташкилии Иттифоқи нависандагони республика буд, як муддат раиси Иттифоқи нависандагон низ интихоб шудааст. Носиров аз июни 1934 ба хизмати ҳарбӣ гузшт, аввал ҷонишин, баъд комиссари дивизияи 21 кӯҳгарди тоҷик буд.

Носиров солҳои 1031—1037 депутати КИМ-и РСС Тоҷикистон аъзои КМ ПК (б) Тоҷикистон интихоб шудааст. Вай бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнати РСС Тоҷикистон, грамотаҳои фахрӣ мукофотонида шу­дааст. Дар шаҳрҳои Тошканд (РСС Ӯзбекистон) ва Ленинобод кӯчаҳои ба номи Носиров мавҷуданд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …