Маълумоти охирин

Носири Хисрав

Носири Хисрав Абумуинуддин (1004, Қабодиён— 1088, деҳаи Юмгони Бадахшони), шоирн форс-тоҷик, файласуф, арбоби дин. Дар оилаи деҳқони давлатманди асилзода ба дунё омадааст. Падараш бо корҳои давлатӣ шуғл меварзид. Носири Xусрав аз айёми кӯдакӣ ба омӯзиши илмҳои замони худ, азқабили сарфу наҳв, забонн арабӣ, илми адаб, фалсафа. табииёт, тиб, ҷуғрофия, нуҷум, фикҳ ва ғайра машғул шудааст. Дар солҳои ҷавонӣ дар дарбор дабири кардааст.

Баъд ба Балх рафта ба хидмати “ҳукмронони ғазнавӣ медарояд ва ба ин васила ба маҷлисҳои дарбор, нишасту хези шоҳони ғазнавӣ—Маҳмуд ва писараш Масъуд, ки зимистонро дар ноҳияи Балх мегузарониданд, иштирок мекунад. Аз «Сафарнома»-и Носири Xисрав бармеояд, ки ӯ дар 40-солагӣ хидмати дарбори Салчуқиёнро ба ҷо меовардааст. Вазифаи ӯ ҷамъоварии боҷу хироҷ буд. Дар ҳамин давра ба эътибори вазифаи маъмуриаш ӯ аз аҳволи тоқатфарсои аҳли меҳнат — деҳқонони камбағалу косибон, ки дар натиҷаи андозҳои тороҷгаронаи ҳукуматдорон ба ҳоли табоҳ афтода буданд, воқиф гардид. Ин аҳвол ӯро хеле ба танг овард ва аз кори давлатӣ, ҷоҳу мансаб даст кашид. Сабаби аз корҳои давлатӣ даст кашидани Носири Xисрав боз дар он буд, ки ӯ аслан нисбат ба ҳукуматдории Салчуқиён нафрат дошт. Дар шеърҳояш борҳо ҳукуматдорони салчуқиро танқиду мазаммат карда, подшоҳони сомониро ба онҳо муқобил мегузошт. Пеш аз сафар, пеш аз тарки хидмати дарбор Носири Xисрав бо таълимоти қарматиён шинос гардида, дар он роҳи хақиқатро меҷуст.

Соли 1046 Носири Xисрав бо ҳамроҳии бародар ва хидматгораш сафари Маккаро пеш гирифт. Вале мақсади асосии ӯ дар ин сафар ҳаҷ кардан набуд. Шоир мехост бо зиндагии мардуми кишварҳои дигар, урфу одат, дину мазҳаби онҳо шинос шавад, аҳволу аъмоли халқро бисанҷад. Дар тӯли ҳафт сол (1046—1052) Афғонистон, (Озарбойҷон, Эрон, Сурия, Фаластин, Ироқро саёҳат намуд. Тақрсбан 2 сол дар Миср, ки он вақт қаламрави Фотимиёв буд, умр ба сар бурд. Шароиту сохти давлатдории Фотимиён ӯро хеле хуш омада буд.  Зимомдори давлати Фотимиён, ки мувофиқи ривоятҳо насабаш ба Муҳаммади пайғамбар мерасид—сарвари рӯҳонии исмоилӣ, имоми замон ба шумор мерафт. Ӯ Носири Хисравро пазируфта бо корҳои худ ва таълимоташ шинос кард. Ба Носири Xисрав унвони «ҲХуҷҷат» дода, таблиғот ва ба оини исмоилӣ ҷалб карда шудани мардуми Хуросонро ба ӯ супорид.

Мувофиқи таълимоти исмоилия мавзеъҳое, ки ин оин паҳн гардида буд, «ҷазира» ном мегирифтанд. Хуросон низ яке аз ҳамин гуна «ҷазира»-ҳо буд, ки Носири Xисрав ба он соҳиб шуд ва аз ин рӯ дар осори исмоилӣ ӯ ҳамчун «соҳибҷазираи Хуросон» ёд мешавад. Ба Балх баргашта Носири Xисрав бевосита ба кори таблиғоту ташбиқот, танқиди зулму тааддӣ пардохта, аз паи ба карматия ҷалб намудани мардум шуд. Ӯ аз таъкиботи Салчуқиён гурехта, тамоми гушаву канори Хуро­сон, ноҳияҳои назди баҳри Хазар — Мозандарону Табаристонро давp,за­да баромада, ҷои зиндагӣ ва амалиёти худро зуд-зуд дигар карда меистод. Ниҳоят маҷбур шуд дар Бадахшон пинҳон шавад. Ҳокими онвақтаи Бадахшон Алӣ ибни Асад мазҳа­би исмоилияро пазируфта, бо Носири Xисрав дӯсту рафик шуда буд. Носири Xисрав солҳои охир умри худро дар деҳаи Юмгон гузаронид.Асарҳои ба исмоилия оид ва қасидаҳои фалсафиашро, ки дар шеъри форсӣ-тоҷикӣ жанри нав буданд, дар ҳамин ҷо иншо кардааст.

Н а қ л у н а қ д и муҳимтарин асарҳои Носири Xисрав: «Сафарнома» — таълифоти мансурест, ки ёддоштҳои адибро аз таассуроти сафарҳояш ба шаҳру кишварҳои мухталиф дар бар гирифта аст.

«Зод-ул-мусофирин» («Тӯшаи мусофирон»)—доир ба масъалаҳои фалсафа ва илоҳот баҳс мекунад (таълифаш 1062).

«Ваҷҳи дин» ақоиди исмоилии мутафаккирро дарбар мегирад (таълифаш 1092).

«Кушоиш ва раҳоиш» низ доир ба ақоиди фалсафии адиб буда, соли таълифаш маълум нест.

«Ҷомеъ-ул-ҳикматайн» — муқоисаи оини исмоилия ва фалсафаи Юнон. Матни асар соли 1953 дарТеҳрон ва Па­риж чоп шудааст.

«Хон-ул-ихвон» («Хони бародарон») низ аз таълифоти мансури Носири Xисрав мебошад. Ғайр аз инҳо як миқдор таълифоти мансурро ба Носири Xисрав нисбат додаанд.

Мероси манзуми Носири Xисрав асосан аз ду девон — тоҷикию арабӣ (арабиаш то замони мо нарасидааст) ва маснавиҳои «Рӯшноинома» ва «Саодатнома» иборат аст. Девони тоҷикӣ якҷоя бо ҳар ду маснавӣ соли 1929 дар Теҳрон ба табъ расид. Бештари де­вон аз қасидаҳои фалсафӣ иборат аст. Маснавиҳои ӯ асосан масъала­ҳои ахлоқ ва фалсафаро дарбар гирифтаанд.

Носири  Хисрав  ҳамчун шоир ва насрнавис дар таърихи адабиёти форс-тоҷик мақоми хосе дорад. Ақидаҳои мутараққии иҷтимоию сиёсӣ, панду ахлоқ ва ғояҳои утопистии Носири Xисрав бештар дар асарҳои манзумаш ифода гардидаанд. Тамоми образу матолиби ашъори Носири Xисрав, чун ҳар гуна осори бадеӣ, аз ду манбаъ шодоб шудаанд: инсон бо ҳиссиёту ҳаяҷон ва нобаробариҳои рӯзгораш ва табиат— олами ҳайвоноту наботот. Дар маркази шеъри Носари Xисрав инсони ҳақиқат ҷӯе меистад, ки ӯро нобаробариҳои иҷтимоӣ ором намегузоранд:

Бингар, ки мар онро хаз аст бистар

В-инро, ба масал, зер бӯрё нест.

В-онро, ки ба охур даҳ асби тозист.

Дар пои бародараш лолко нест.

Масъуд ҳаме бар ҳарир ғалтад,

Бар пушти сайд аз намад қабо нест.

Шикоят аз нобаробарӣ ва беадолатии иҷтимоӣ, махсусан дар шеъри машҳури Носири Xисрав «Мувозира бо худо» бо оҳанги баланд садо медиҳад:

Неъмати мунъим чарост дарё-дарё?..

Меҳнати муфлис чарост киштӣ-киштӣ?..

Носири Хисрав бо нафрат бадкирдорони зо­лим, аъёну ашроф, «рибохорон» — судхӯрон ва сарвари кулли онҳо — ҳукмронони даврро танқиду мазам­мат менамояд. Султону амиронро гургони мардумхор, каргасу аждаҳо меномад. Ҳукмронони салчуқӣ дар назари Носири Xисрав харобкорони кишвари Хуросон, золимонанд, ки бар сари мардум хориву зорӣ меоваранд.

Байтҳои зеринро Носири Xисрав дар мазаммати султонҳои салчуқӣ гуфтааст:

Зи ман маъзул шуд султони шайтон,

Надорам низ султонро ба султон.

* * *

Гургӣ ту, на мир мар Хуросонро

Султон набувад чунин, ту шайтонӣ.

Баъзан шоир кушидааст бо сухан дар замири ин гурӯҳи номардон ҳисси инсониро бедор намояд:

Гар шоҳ тӯй — бибахшу мастон

Чиз аз шаҳрию рустоӣ,

Зеро зи халқ хостани чиз

Шоҳӣ набувад, бувад гадоӣ.

«Ҳисси нафрати шоир нисбат ба ҳукмронон дар яке аз бобҳои досто­ни «Саодатнома», ки «Дар мазаммати мулук ва умаро» унвон гирифтааст, боз ҳам равшантар ифода гардидааст. Носири Xисрав шоири насиҳатгар, омӯзгори ботаҷрибаи ҳаёг аст. Абёти маснавиҳои «Саодатнома» ва «Рушноинома» панди судманде мебошанд, ки ба мардум роҳи зиндагии хуши инсониеро нишон медиҳанд. Фарқ кардани дӯст аз душман, дар дӯстӣ бовафо будан, эҳсон кардан, некӯхоҳ ва роҳатрасон будан (Беҳин ко­ре, ки андар зиндагонист,— Накӯхоҳӣ, ба кас роҳатрасонист), тамаъ ва хорӣ накардан аз хислатҳои ахлоқи ҳамидаи инсонанд, ки Носири Xисрав бо ашъори равшани худ тарғибу ташвиқ менамояд. Умуман, панду ахлоқ дар достони «Рӯшноинома», ки бештар сирати фалсафӣ дорад, мақоми калон ишғол кардааст (бобҳои «Дар мазаммати дӯстони риёӣ», «Дар мазаммати ғаммозон», «Дар накӯҳиши ҷоҳу мол  ва ғайра). Тамоми мақсаду мароми Носири Xисрав аз панд додану ахлоқ омӯхтан, даъват барои инсони комил будан иборат аст:

Зи мардум зодаӣ — бо мардумӣ бош!

Чӣ бошад дев будан? — Одамӣ бош!

Сухани Носири Xисрав чунон ки худаш меорад, «сеҳри ҳалол» ва «покизатар з-оби зулол» аст ва ӯ шеъри худро «бар даргоҳи шоҳу вазир» набурдааст. Шоирони маддоҳу шеърфурӯш аз он ҷиҳат ҳадафи танқиду мазаммати Носири Xисрав қарор гирифтаанд, ки шеъри баҳои мулки ҷовидонӣ бударо ба зарру сим иваз менамуданд.

Дар боби «Дар мазаммати шуаро»-и «Рӯшноинома» чунин омадааст:

Хирад дар мадҳи ноаҳлон бихандад,

Касе бар гардани ҳар дурр набандад.

Чаро чизе биёлоӣ ба гидя,

Ки н-арзад мулки ду ҷаҳон-ш ба ҳадя.

Туро аз хештан худ шарм н-ояд,

Ки ҳар ҷое дурӯғат гуфт бояд?

Ба по истодану бархондани ӯ фуру резад саросар обат аз рӯ.

Тақозо карданаш душвор кор аст,

Хирадро бегумон а-ин кор ор аст…

Ин гуна шоирон ба ақидаи Носири Xисрав ёвагӯёне мебошанд, ки шеърашон як маънӣ надорад ва худашон хеҷ гоҳ дар радифи сухансароён ҷой нахоҳанд гирифт. Носири Xосирав дар муқобили золимону бадкирдорон мардумӣ меҳнаткаш — ҳунармандону деҳқононро аз ҳар ҷиҳат ситоиш мекунад. Ду боби «Саодатнома» — «Дар хаққи санъатварон» ва «Дар хаққи кашоварзон») сурудаҳои ситоишӣ дар васфи меҳнату мардони меҳнатанд, ки

дар рӯзҳои мо ҳам (пас аз 900 сол) аҳамияти худро нигоҳ доштаанд:

Чаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст,

Аз ӯ гаҳ зать, гоҳе бустон аст.

Аз ин беҳ бар баниодам чи кор аст,

К-аз одам дар ҷаҳон ин ёдгор аст…

Ба кор андар ҳама мардони коранд,

Арақ резанду қути халқ коранд.

Идеали эстетикии Носири Xисрав—инсони хақиқатҷӯ — дар услуби эҷодии шо­ир нақши носутудание гузоштааст. Ашъори Носири Xисрав аз ҳиссиёти гарму ҷӯ­шон саршор буда, сухани шахси ба ҳаяҷономадаеро ба ёд меорад, ки бо тамоми ҳастӣ дар тарғиби афкору ақоиди худ мекушад. То даме, ки ақоиду афкори худро аз замири худ ба дили дигар — хонанда ва шунавандааш ҷой надиҳад, ӯ ором намегирад.

Ин гуна сурудаҳои Носири Xисрав ниҳоят соддаю равшан буда, вай ин тарзи нигоришро маҳз барои ба фаҳму фаросати мардум наздик кардани эҷодиёташ пеш гирифтааст. Тамоми васоили бадеии шоир—муроҷиату даъ­ват («бингар», «бишнав», «макун», «машав», «дур бош», «мадеҳ» ва ғайра) такрор, тамсил, зарбулмасалу мақол, унсурҳои забони гуфтугӯй ва ғайра ба ҳамин эстетикаи талқиномез мутобиқ шудаанд. Носири Xисрав ба тарзи баёни рамзомез моил бошад ҳам, аз киноягӯй канораҷӯй кардааст, дар ашъораш маъниҳои духӯра дида намешаванд; ӯ матлабро кушодаву равшан баён мекунад. Барои пуртаъсир шудани суханаш аз луғз, тамсили кушода истифода мебарад. Масалан, там­сили ғ бо унвони «Аз мост, ки бар мост» машҳур аст:

Рӯзе зи сари санг уқобе ба ҳаво хост,

Аз баҳри тамаъ болу пари хеш биёрост.

Бар ростии бол назар карду чунин гуфт:

«Имрӯз ҳама рӯи замин зери пари мост.

Гар авҷ бигирам, бипарам аз назари шед,

Мебинам агар заррае андар таки дарёст.

Гар бар сари хошок яке пашша бичунбад,

Чунбидани он пашша аён дар назари мост».

Бисёр манӣ карду зи тақдир натарсид,

Бингар, ки аз ин чархи ҷафопеша чӣ бархост:

Ногаҳ зи камингоҳ яке сахткамоне

Тире зи қазову қадар андохт бар ӯ рост.

Бар боли уқоб омадӣ он тири ҷигарсӯз

В-аз абр мар-ӯро ба сӯи хок фуру кост.

Бар хок бияфтоду биғалтид чу моҳӣ

В-он гоҳ пари хеш кашид аз чапу аз рост.

Гуфто: «Аҷаб аст ин кӣ зи чӯб асту зи оҳан,

Ин тезию тундию паридан-ш куҷо хост?»

Зӣ тир нигоҳ карду пари хеш бар ӯ дид.

Гуфто: «Зи ки нолем, ки аз мост, ки бар мост».

Хуҷҷат, ту маниро зи сари хеш бадар кун,

Бингар ба уқобе, ки манӣ кард — чиҳо хост.

Зарбулмасалу мақолҳое, ки дар ашъори Носири Xисрав ба мушоҳида мерасанд, дар гуфтугӯй мардумӣ тоҷик имрӯз ҳам роиҷанд. «Аз мост, ки бар мост», «Шунидан кай бувад монанди дидан», «Макаш беш аз гилеми хеш­тан пой» (шакли халқиаш: ба кӯрпаат нигоҳ карда пой дароз кун) ва ғайра. Ин ҳол ба ду чиз далолат дорад: ё Носири Xисрав ин мазмунро аз эҷодиёти халқ иқтибос кардааст ва ё сурудаҳояш дар байни халқ хеле шӯҳрат дошта, суханони ҳикматогинаш ба ҳукми зарбулмасалу мақолҳои халқӣ даромадаанд: дар ҳар ду ҳол ин далели ба халқ наздик будани эҷодиёти адиб аст.

Носири Xисрав аз баҳрҳову вазнҳои мухталифи шеъри форсӣ-тоҷикӣ, васоиту санъатҳои гуногуни бадеӣ фаровон истифода кардааст. Ин ҷиҳатҳои шеърашро низ ба ҳамон эстетикаи талқину таъкидии худ мувофиқ сохтааст.

Аз ҷиҳати ғоявӣ ва образнокӣ шеъри Носири Xисрав ба шеъри қадими эронӣ наздикӣ дорад. Ба назар мерасад, ки анъанаҳои адабиёти қадими эрониро Носири Xисрав дидаву дониста истифода кар­дааст. Аз бисёр ҷиҳат поэтикам ашъори Носири Xисрав ба поэтикаи «Готҳо»-и Авесто наздик аст. Носири Xисрав инчунин дар шеърҳояш Рӯдакиро бештар ёд мекунад ва дар мактаби адабии ӯ тарбия ёфтааст. Ҷиҳати ҷолиб- дар эҷодиёти Носири Xисрав он аст, ки ӯ бо панду насиҳат, тарғибу талқини адлу инсоф ва ғайра машғул гардида, ба яке аз мавзӯъҳои маъмули адабиёти классикии форс-тоҷик—мавзӯи ишқу муҳаббат кам муроҷиат кардааст. Су­хани Носири Xисрав бо амалия махлут аст; ӯ танқид, аз байн бардоштани зулми золимон ва барқарор кардани адлу адолатро аз вазифаҳои муқаддас мешуморид. Аз ду ғояи халқии адабиё­ти қадими эронӣ — ғояи шоҳи одил ва ғояи баробарию бародарӣ ғояи аввалро интихоб кардааст. Ӯ Ҷамъият ва давлатро бе шоҳ тасаввур карда наметавонад. Шоҳи одил, аз назари Носири Xисрав, ҳамон ҳукмронест, ки ба аҳли меҳнат — хоҳ ба меҳнати ҷисмонӣ машғул бошанд, хоҳ ба меҳнати фикрӣ — барои ба даст овардани ризқу рӯзӣ имкон бидиҳад. Гарчанде дар баъзе шеърҳои Носири Xисрав ғояҳои маздаки ифода гардидаанд, вале ӯ то ба идроки зарурати аз байн бурдани истисмор нарасидааст.

Баъзе подшоҳони сулолаҳои сосонӣ ва сомонӣ барои Носири Xисрав шоҳони идеалие буданд, ки тарзи ҳукуматдориашон аз назари ӯ оинаи ибрат аст. Шоҳи одил, ба ақидаи Носири Xисрав инчунин ҳукмрони он давраинаи Миср — Мустансири Фотимӣ буд. Давлати Фотимиёни Миср давлати феодалие буд, ки чун дигар давлатҳои феодалӣ дар он низ истисмору хунрезӣ вуҷуд дошт. Вале Носири Xисрав дар он тарзи ҳукмронӣ нисбат ба давлати Салчуқиён бартариеро дидааст, ки он ба сохти ҷамъияти идеа­лие, ки Носири Xисрав ҷӯё буд, то андозае мувофиқат мекард. Идеологизм давлати Фотимиён — қарматия ба Носири Xисрав ва дигарон ҳақиқатҷӯёни давр барои омӯзиши илму ҳикмати юнонӣ, монавӣ ва ҳиндӣ шароит фароҳам оварда буд. Носири Xисрав барои барқарор намудани чунин ҳокимият дар ватани худаш— Хуросон аз он сабаб талош дошт, ки бе пойдор гардидани ин гуна давлат таълимоташ, мақсаду мароми пешгирифтааш оид ба кам кардани боҷу хироҷи деҳқонон, инкишофи шаҳру деҳот, ҳунармандӣ, савдо ва пешра­вии илм амалӣ намегардид. Носири Xисрав дар ҳақиқат дар зимни мукқоисаи ду давлати феодалӣ — Фотимиён ва Салчуқиён—сохти давлатдории Фотимиёнро, ки дар оғози пайдоишаш баъзе ҷиҳатҳои прогрессивӣ дошт, дастгирӣ кардааст. Ҳамчунин ҷараёни қар- матия, ки унсурҳои онро дар эҷодиёти Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино дарёфтан мумкин аст, дар ибтидо аз унсурҳои мутараққиву гуманистӣ холӣ набуд.

Қисмати Носири Xисрав ҳамчун мутафаккир ва ҷӯяндаи ҳақиқат фоҷиа анҷом буд. Исмоилия ва карматия, ки таълимоти онҳоро Носири Xисрав ба пояи ҳақиқати мутлақ, бардоштааст, сарманшаи фоҷиаи аслии ӯ гардиданд. Пешвоёни исмоилия пас аз марги мутафаккир ӯро аз ашхоси малакутӣ (қудсӣ) эълон карда, тамоми афкори ба исмоилияи рошидӣ муқобили ӯро аз асарҳояш хориҷ кардаанд. Ба осори мутафаккир асли суннат низ даст зада, нуқтаҳои ба ақоиди худашон хилофро ба ҳукми адам ва фаромӯшӣ додаанд. Вале қимати ашъори бо зиндагӣ қарину бо халқд ҳамдими ӯ, фикру ақонди пешқадам ва халқияти эҷодиёти ӯ аз байн нарафтааст. Носири Xисрав дар байни халқи тоҷик ва халқҳои дигари Шарқ машҳур буд. Дар Бадахшон, ки қисми зиёди умри шоир дар он ҷо гузаштааст, мавзеъҳои муқаддасе ҳастанд, ки бо номи Носири Xисрав марбутанд. Мазори Носири Xисрав дар Юмгон ҳоло ҳам барҷо буда, мардум онро пос медорад.

Оид ба зиндагиву фаъолияти доманадори Носири Xисрав дар байни халқ ҳикояту ривоятҳои зиёд пайдо шудаанд. Яке аз онхоро шоири тоҷик Мирсаид Миршакар дар достони «Исёни хирад» ба назм даровардааст. Шӯҳрати Носири Xирав чун шоири бузурги инсонпарвар дар рӯзҳои мо дучанд афзудааст. Дар илми шарқшиносии советӣ ба омӯзиш ва интишори эҷодиёти Носири Xисрав диққати зиёд дода мешавад. Ақидаҳои адабию эс­тетикӣ, назари Носири Хисравро ба шеъру шоирӣ Е. Э. Бертелс, хусусиятҳои ашъори Носири Хисравро В. Б. Никитина, ақоиди исмоилии ӯро А. Е. Бертелс, баъзе аз ақидаҳои фалсафиашро (дар асоси «Зод-ул-мусофирин») Ғ. Ашу­ров, ҷаҳоибиниашро А. Б. Эделман ва дигарон тадқиқ кардаанд. Эҷодиёти Носири Хисравро дар мактабҳои оливу миёна меомӯзанд. Асарҳои Носири Xисрав дар Эрон ва Товикистон борҳо ба табъ расидаанд, инчунин ба забони русӣ ва забонҳои дигари халқҳои СССР тарҷума шудаанд.

М а қ о м и  Нрсириисрав дар таърихи афкори фалсафии х а л қ и тоҷи к. Моҳияти таълимоти фалса­фии ӯ идеалнстист, вале баъзе масъалаҳои ҷудогонаи фалсафаро аз на­зари ратсионалистӣ ҳал кардааст, ки дорои унсурҳои материалистӣ мебошанд. Носири Xисрав ба мисли Ибни Сино ва дигар машшоиён ба қувваи маърифати инсон бовар дошт. Вобаста ба ду навъи дониши инсонӣ ӯ дарки руйдодҳои гуногуни оламро ба ду тарзи дониш — ҳиссӣ ва ақлӣ тақсим намудааст. Дар ҳамон замина ӯ мақоми илмро дар ҷараёни маърифат муайян гамуда, дар «Ҷомеъ-ул-хик- матайн» равиштааст: «Илм он аст, ки мар ӯро касб карданд». Ё ки «Агар гӯянд: Илм чист? — Гӯем: Илм тасаввурест аз мо мар чизеро ба ҳақиқати он». Аммо ин фикри равшани донишманд ба субут напайвастааст. Ӯ мақоми илмро барои дарки ҳақиқати ашё ва ҳодисаҳо дуруст му­айян карда бошад ҳам, дар таҷриба ифода ёфтани маърифатро рад кар­дааст ва тамоми навъҳои донишро таҷаллии илоҳӣ дониста аст.

Носири Xисрав дар таълимоташ роҷеъ ба назарияи маърифат дарки олами объективиро имконпазир шуморидааст. Ӯ вобаста ба гуногунии дониши инсон рӯйдодҳои олами моддиро ба «зоҳир» ва «ботин»  ҷудо намудааст, ки ҳар яке ҷиҳатҳои мухталифи ашёву ҳодисотро инъикос мекунанд. Дониши ҳиссӣ ба воситаи узвҳои ҳис (хавоси зоҳирӣ ва ботинӣ) ҳосил ме­шавад. Хавоси зоҳирӣ зинаи аввали маърифати инсон аст ва заминаест барои ҳавоси ботинӣ. Дониш ақли бошад, тавассути хавоси ботинӣ ба даст меояд. Носири Xисрав нафақат дарки ола­ми моддиро имконпазир медонад, балки инчунин ҷараёни маърифатро беинтиҳо мешуморад. Аммо ин таъ­лимоти муҳимми ӯ ба далелҳои идеалистӣ асос ёфтааст. Ба ақидаи ӯ, гӯё ба маърифат саъй доштани ин­сон ба хости холиқ (худо) сурат мебастааст. Ин нуқта ниҳоди идеалистии таълимоти мутафаккирро зоҳир мекунад, ки пероҳани ирфонию динӣ ба бар кардааст. Лекин, бо вуҷуди ин, афкори Носири Xисрав дар бораи маъри­фати инсон моҳиятан ба таълимоти динӣ зид аст.

                                                                                                     

Ос.: Избранное, Сталинабад, 1954; Гулчине аз  девони ангор, Сталинобод, 1957;

Ад.: Адабиёти форсу точик дар аерхои XII—XIV, Д., 1976; Семёнов А. А., К догматике памирского лсмаилизма (XI глава «Лица веры» Насыр-и Хосрава), Ташкент, 1926; Бертельс Б. Э.. «Но- сири Хисрау и его взгляды на поэзию» (Из в. отд. общ. наук АН Таджикской ССР, в. 4, 1953); Никитина В. Б., Не­которые особенности лирики На сир-и Хосрава. АКД, М., 1955; Бертель с А. Е., Насир-л Хосрав и исмаилизм, М., 1959; Эдельман А. Б., Мировоззрение На с ири Хусрау, М., 1960; Ашуров Г., Философские взгляды Нос ири Хисрава, Д., 1965; Рипка Ян, История персид­ской и таджикской литературы, М., 1970; Брагинский И. С., Из истории пер­сидской и таджикской литературы, М., 1972; Iva now W., Nasiri Khusrow und ismailism, Bombay—Leiden, 1946; Cor- b i n H.. Etude preillminaire, дар кит.: Nasie-e Khosraw. Kitab-c Jami’al—Hikma- laln, Teheran — Paris, 1953;

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …