Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Носири Xатиби Шафъавӣ

Носири Xатиби Шафъавӣ

Носири Xатиби Шафъавӣ Ҳоҷи Носируддин Ҳусайн ибни Ҳиббатуллоҳ ибни Ҳусайн (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 14 форс-тоҷик. Роҷеъ ба ҷараёни зиндагӣ ва илмомӯзии ӯ маълумоте пайдо нест. Бино ба ишораи Саид Нафисӣ (дар «Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ») ӯ яке аз донишмандон ва шоиронн маъруфи Шероз ба шумор мерафтааст.

Носири Xатиби Шафъавӣ то соли 1381 дар ҳаёт будааст. Дар эҷоди шеър маҳорати хуб дошта, дар анвои мухталифи шеър, аз он ҷумла дар шакли муламмаъ ашъори зиёд эҷод кардааст. Носири Xатиби Шафъавӣ шоири зуллисонайн буда, ба забонҳои форсӣ ва арабӣ шеър мегуфтааст. Ба лаҳҷаи хоси аҳли Шероз низ ашъор доштааст. Намунаи ашъори ӯ дар тазкираву баёзҳои баъдина дучор мешаванд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …