Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Носири Бухороӣ

Носири Бухороӣ

Носири Бухороӣ Шоҳдарвеш ё Дарвеш Но­сир (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1371—1372), шоири форс-тоҷик. Айёми ҷавонӣ ва таҳсилоташро дар Бухоро гузаронида, пас аз таҳсил ба сабаби фақирӣ ва тангдастӣ ба шаҳрҳои Хуросон, Озарбойҷон ва Ироқ сафар кардааст. Зиндагии фақирона ва тангдастона доштани ӯро чанде аз тазкиранависон, аз ҷумла Давлатшоҳи Самардандқӣ қайд кардаанд. Аз Носири Бухороӣ дар ҳаҷми 4000 байт девоне боқӣ мондааст, ки аз ғазалу қасида ва дигар навъҳои шеърӣ иборат аст. Носири Бухороӣ чанде аз қасоидашро дар мавзӯъҳои динӣ, инчунин дар мадҳи султон Увайси Ҷалоирӣ гуфтааст. Вай султонро ба адлу адолат ва раиятпарварӣ даъват монамуд. Дар ғазалиёташ мавзӯъҳои иҷтимоӣ, танқиди ҳукмронони золим, рӯҳониёну шайхон, рӯҳияи риндӣ ва ғайра дида мешаванд. Ғазалҳои Носири Бухороӣ дар пайравии Ҳофизи Шерозӣ гуфта шуда, аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ба онҳо наздиканд. Дар баҳри мутақориб маснавии орифонае бо номи. «Ҳидоятнома» дорад.

Ад.: Мирзозода X., Таърихи адабиёти тоҷик, кит. 2, Д., 1977

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …