Маълумоти охирин

Носири Балҳӣ

Носири Балҳӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Аз вилояти Балх. Яке аз мансабдорони давлати аштархонӣ буд ва ба шеъру шоири таваҷҷуҳи зиёде дошт. Малеҳои Самарданқӣ дар тазкираи «Музокир-ул-асҳоб» хабар медиҳад, ки Носири Балҳӣ баробари пеш бурдани корҳои давлатӣ, пайваста шеър менавишт, соҳиби девони тамом буд ва дар илму адаби замони худ мақоме дошт. Ҳоло аз девони шоир дараке нест. Дар «Музокир-ул-асдоб» аз ин девон 8 байти ғазалҳои ӯ ба тариқи намуна оварда шудаанд. Ин байтҳо аз пухтагии сухани шоир гувоҳӣ медиҳанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …