Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Носиралии Сарҳиндӣ

Носиралии Сарҳиндӣ

Носиралии Сарҳиндӣ (соли таваллуд номаълум—вафоташ 1697, Деҳлӣ), шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар Сарҳинд таваллуд шуда дар ҳамон ҷо маълумоти ибтидоӣ гирифтааст. Аз Носиралии Сарҳиндӣ девони ғазалиёту рубоиёт боқӣ мондааст. Маснавии «Маноҳар ва мадҳомалат» ва манзумаҳое дорад, ки дар онҳо музофоти мухталифи Ҳинд ва урфу одати мардуми он тасвир ёфтаанд. Носиралии Сарҳинд дар сабки ҳиндӣ устод буд ва эҷодиёти ӯ ба Бедилу Сархуш барин суханварон таъсир расондааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …