Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Носир Ҷамол Абдунносир

Носир Ҷамол Абдунносир

Носир Ҷамол Абдунносир (15.01.1918, Бани Мур —28.09. 1970, Қодира), арбоби давлати ва сиёсии Миср. Аз оилаи корманди поч­та. Мактаби миёна (1935) ва омӯзишгоҳи ҳарбиро (1939) дар Қоҳира хатм намуд. Соли 1942 ба коллеҷи ҳарбии Штаби генералӣ дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм кард. Иштирокчии ҷанги Арабу Исроил (1948—1949). Солҳои 1949—1952 муаллими коллеҷи ҳарбии Штаби генералӣ. Муассис ва роҳбари ташкилоти пинҳонии сиёсии «Офитсерони озод», ки револютсияи зиддиимпериалистӣ ва зиддифеодалии 23 июли 1952-ро ба амал баровард.

Ҷонишини раис, баъд раиси Совети револютсионии Миср буд. Солҳои 1954—1956 сарвазир, дар айни замон вазифаи президентиро иҷро мекард. Аз июни 1956 президенти Миср ва сарфармондеди ҷувваҳои мусаллаҳи он буд. Дар давраи таҷовузи Англияю Фран­сия ва Исроил (1956) ба муборизаи халқи Миср роҳбарӣ кард. Ба тараққиёти иқтисодиёти мамлакат аҳамияти калон медод. Соли 1962 Конгресси миллии қувваҳои халқӣ бо таклифи Носир Хартияи ҳаракати миллиро, ки мақсаҳои пешқадамонаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Мисрро муайян мекард, қабул намуд. Носир тарафдори фаъоли ягонагии халқҳои араб дар мубориза баҳри истиқлоли миллӣ буд. Аз соли 1963 раиси Иттифоқи сотсиалистии араб.

Сарфи назар аз шикасти ҳарбии Миср дар натиҷаи таҷовузи Исроил ба муқобили мамла­катҳои араб (1967) ва мушкилиҳои иқтисодию сиёсӣ бо ёрии оммаи халқ сиёсати гузаронидани тадбирҳои пешқадами иҷтимоию иқтисодиро идома медод. 30 марти 1968 программаи барҳам задани оқибати таҷову­зи Исроилро ба миён гузошт. Носир ташаббускор ва иштирокчии конференсияҳон Бандунг (1955), Белград (1961) ва Қоҳира (1964), инчунин дигар машваратҳои сардорони давлат ва ҳукумати мамлакатҳои Африка. Ӯ тарафдори мустаҳкам намудани алоқаҳои дӯстона ва васеъ намудани ҳамкории ҳартарафаи байни Миср ва Иттифоқи Советӣ буд. Борҳо ба СССР ташриф овардааст (1958, 1965, 1970).

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …