Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Носеҳи Xатлонӣ

Носеҳи Xатлонӣ

Носеҳи Xатлонӣ Абдурраҳмонхоҷа ибни Мирзоподшоҳ (таваллудаш 1767-1768, Хатлон — соли вафоташ номаъ­лум), шоири тоҷик. Айёми кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш гузаронидааст. Баъдан барои иқомаи таҳсил ба Бухоро рафт. Пас аз хатми таҳсил дар Бухоро сокин шуд.

Ба шаҳрҳои Мовароуннаҳр, аз ҷумла Тошканду Хуҷанд сафар кардааст. Аз Носеҳи Xатлонӣ девони газалиёт (2600байт), ду маснавии ахлоқӣ — «Маҷлисафрӯз» (4124 байт), «Ҳайратангез» (3968 байт) мерос мондааст. Девони Носеҳи Xатлонӣ ғамномаи замони шоир аст. Дар ашъори шоир рӯзгори пуразоби мардуми оддӣ бо тарзҳои гуногуни бадеӣ, мувофиқи эавд ва диди эсте- тикии табадаи поёпи дамъият ифода ёфтааст. Дар сурудаҳои Носеҳи Xатлонӣ шикояту эътироз ва фарёдҳои ҷонкоҳи қаҳримони лирики ҷолиб аст:

Гарчи бад буд пеш аз ин айём,

Бадтарини замон замонаи ман.

Хисрави шаҳри дарду ранҷу ғамам,

Кафи афсӯс шодиёнаи ман.

Маснавиҳои Носеҳи Xатлонӣ аз ҷиҳати компо­зитсия, банду басти бадеӣ ва ғоя ба «Махаан-ул-асрор»-и Низомии Ганҷавӣ монанданд. Носеҳи Xатлонӣ дар бобу фаслҳои маснавиҳояш тавассути ҳикоёти пандуахлоқӣ зулму ҷаҳолати ҳукмронони замон, руҳониёни авомфиребро сахт маҳкум карда, дар муқобили онҳо хислатҳои неку писандидаи шоҳони одил, вазирони ботадбирро ситоиш менамояд. Тарзи ифода, услуби бадеӣ, забони асарҳои Носеҳи Xатлонӣ хеле содда ва ба тафаккури бадеии оммаи халқ мувофиқ аст. Нусхаи дастнависи девони Носеҳи Xатлонӣ дар китобхонаи Институти шарҳшиносии АФ РСС Ӯзбекистон, маснавиҳояш дар захираи дастиависҳои АФ РСС Тоҷикистон маҳфузанд.

Ад.: Каримов У., Адабиёти тоҷик дар нимаи дуввуми асри XVIII ва аввали асри XIX, Д., 1974.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …