Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Носеҳ Мирзо Араб

Носеҳ Мирзо Араб

Носеҳ Мирзо Араб (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири эронӣ (асри 17). Дар мавзеи Аббосободи Исфаҳон ба дунё омадааст. Дар зодгоҳаш касби камол намуда, сипас дар Табрез зиндагиву эҷод кардааст. Аз ин рӯ, дар баъзе тазкираҳо ба нисбаи «Табрезӣ» ёд мешавад. Соиб ба Носеҳ эътиқоду эҳтиром дошта, ба якчанд ғазали ӯ ҷавоб гуфтааст ва аз эҷодиёти ӯ тақрибан 100 байтро ба маҷмӯаи мураттабкардааш, ки «Баёзи Соиб» ном дорад, дохил кардааст.

Аз Носеҳ якчанд ғазалу рубоӣ ва абати пароканда тавассути «Баёзи Соиб» ва тазкираву баёзҳои дигар дастрас гардидаанд. Дар ғазалиёт ва рубоиёташ ба мавзӯъҳои анъанавии адабиёти форс-тоҷик — ишқу вафо, танқиди шайху мӯҳтасиб, папду насиҳат ва ғайра даст задааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …