Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Носака Сандзо

Носака Сандзо

Носака Сандзо (таваллудаш 30.03.1892, Хаги), ходими ҳаракати коргарии Япония ва байналхалқӣ. Соли 1917 Университети Кэйо (Япония)-ро хатм намуд. Дар кори ташкилоти коргарии Юайкай иштироки фаъол дошт, аз соли 1922 дар федератсияи меҳнати Япония кор кард.  Аъзои Партияи Коммунистии Япония (ПКЯ) аз соли 1922. Соли 1924 дар ташкили органи легалии ПКЯ — Бюрои оид ба омӯхтани проблемаҳои меҳнати саноатӣ иштирок намуд, роҳбари он  буд. Соли 1928 ҳабс шуд, 1930 ба сабаби касалӣ аз ҳабс озод гардид.

Аз соли 1930 аъзои КМ ПКЯ. Соли 1931 ба Москва фиристода шуд, намояндаи ПКЯ дар Интернатсионали Коммунист буд. Дар Конгресси 7-уми Интернатсионали Коммунист (1935) аъзои Коми­тет иҷроияи Интернатсионали Коммунистӣ (КИИК) ва аъзои Президиуми КИИК интихоб гардид. Соли 1940 ба Хитой рафта, яке аз ташкилотчиёни Лигаи озодкунии халқи япон гар­дид ва дар байни асирони ҳарбии япон кори сиёсӣ бурд. Январи 1946 ба Япо­ния баргашт.

Дар Съезди 5-уми ПКЯ (феврали 1946) аъзои КМ ПКЯ, аъзои Бюрои сиёсӣ ва котиботи КМ инти­хоб гардид. Июни 1950 ба муносибати аз тарафп ҳукуматдорони америкоӣ манъ кардани фаъолияти сиёсии ҳамаи аъзоёни КМ ПКЯ ба фаъ­олияти ғайрилегалӣ гузашт. Дар Конференсияи миллии ПКЯ (1955) аъзои Президиум ва котиби якуми КМ ПКЯ интихоб шуд. Аз соли 1958 раиси КМ ПКЯ. Солҳои 1946—1950 ва аз 1956 депутати парламенти Япония.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …