Маълумоти охирин

Нос

Нос, тамокуи кӯфтаи бо оҳак, хокистар ва равғани загир (кунҷид ё пахта) омехта соидашудаест, ки ба зери забон гирифта боз мепартоянд ва он гуё мисли чилим ва папирос кайф медиҳад. Нос аз 45% барги кӯф­таи хушки тамоку, 32% хокистар, 18% равғани растанӣ ва 5% оҳаки шукуфта иборат аст. Баъзаи ба Нос об ва барои беҳтар шудани рангу таъмаш барги тут ё дигар гиёҳҳои хушбӯй меандозанд. Носро одатан ба зоери забон мегиранд ё ба бинӣ мекашанд. Зиёда аз 10 хели Нос маълум аст.

«Хушсифат» ё «тез» (баланд) будани Нос ба миқдори моддаҳои таркибаш вобаста аст. Масалан, миқдори оҳак зиёд бошад, Нос «баланд» меша­вад. Ҳангоми кашидани Нос сари кас каме чарх мезанад ва асаби носкаш гӯё ором меёбад. Ин ҳолат дар натиҷаи ба хун ҷаббида шуда ба майнаи cap таъсир кардани моддаи консероген-бензпирен ва моддаҳои дигари тамоку рӯй медиҳад. Дар натиҷаи омӯзиши сабабҳои пайдоиши саратон дар ковокии даҳон муайян карда шуд, ки ин беморӣ дар одамони носкаш назар ба онҳое, ки Нос намекашанд, ҳафт маротиба зиёд аст. Нос ба организми одам таъсири заҳрии ҷуаъӣ ва умумӣ мерасонад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …