Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Норов Сӯюн

Норов Сӯюн

Норов Сӯюн (таваллудаш 1905, деҳаи Узуни pайони Ҳисор), яке аз иштирокчиёни фаъоли муборизаи зидди босмачигӣ дар Тоҷикистон, полковники милитсия. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1932. Солҳои 1915—1925 бат­рак буд. Соли 1925 ба отряди махсус оид ба муборизаи зидди босмачиён дохил шуда, 1926 ба кори органҳои ОГПУ гузашт. Солҳои 1927—1931 ми­литсионер, милитсионери калон, инспектори участкаи Управленияи милитсияи Сталинобод, 1931—1934 шунавандаи Курсҳои тайёркунандаи кадрҳои миёнаи роҳбарикунандаи милитсияи Сталинобод ва Тошкент.

Солҳои 1932—1936 мудири сектори оперативии милитсияи районҳои Кировобод ва Ғaрм, 1936—1940 ҷонишин ва сардори Управ­ленияи милитсияи вилояти Сталинобод, 1940—1941 сардори Управленияи мили­тсияи ВАБК, 1941—1944 ҷонишин ва мудири шӯъбаи Управленияи мили­тсияи РСС Тоҷикистон  1944—1953 сардори Управленияи милитсияи вилоятҳои Қурғонтеппа, Сталинобод, Кӯлоб, 1953— 1957 дар вазифаҳои роҳбарикунандаи Управленияи милитсияи шаҳри Сталин­обод ва ВКД РСС Тоҷикистон буд. Аз соли 1957 нафақахӯри шахсӣ. Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъвати 2). Бо ордени Ленин, ордени Байрақи Сурх, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени Ситораи Сурх, 2 ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …